Ислом Каримов писар доштааст

Дар тарҷумаи ҳоли расмии президенти фақиди Узбекистон Ислом Каримов барои бори аввал се фарзанд доштани ӯро эътироф кардаанд. То кунун гуфта мешуд, ки Каримов фақат ду духтар – Гулнора ва Лоларо дорад. Сухан зоҳиран дар бораи Пётр Исломович Каримов, писари Ислом Каримов аз ҳамсари якумаш Наталя Кучма меравад.

Дар тарҷумаи ҳоли расмии президенти нахустини Узбекистон, ки Маҷтамаи илмиву маърифатии Ислом Каримов дар сомонаи расмиаш нашр кардааст, барои бори аввал се фарзанд доштани Каримовро эътироф кардаанд. Дар гӯшаи «Тарҷимаи ҳол”-и сомонаи http://islomkarimov.uzнавиштаанд, ки «ӯ се фарзанд ва 6 набера дошт, ки ҳамнишинӣ бо онҳо барояш шодии бузург меовард.” (Он имел троих детей и шестерых внуков, общение с которыми было для него большой радостью.)

Аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов танҳо ҳамсари дуюми Ислом Каримов – Татяна Акбаровна – зикр шуда, чизе дар бораи издивоҷи якумаш гуфта нашудааст.

Зоҳиран манзур аз фарзанди сеюми Ислом Каримов, ки тоза акнун дар тарҷумаи ҳоли расмии ӯ зикр мешавад, Пётр Исломович Каримов аст, ки ҳамсари якуми Каримов – Наталя Кучма ба дунё овардааст.

Наталя Кучма духтари раҳбари корхонаи ҳавопаймосозии ба номи Чкалови шаҳри Тошканд буд ва гуфта мешавад, маҳз падарарӯсаш дар ибтидои солҳои 60 Ислом Каримовро дар ин корхона ба кор гирифт, ҳарчанд Каримов мутахассиси риштаи ҳавопаймосозӣ набуд.

Ислом Каримов, ба гуфтаи манобеи мухталиф, соли 1964 ба Наталя Кучма издивоҷ кард ва соли 1965 фарзанди ягонаи онҳо – Пётр ба дунё омад. Соли 1969 Каримов аз ҳамсари аввалаш ҷудо шуд ва ба Татяна Акбаровна издивоҷ кард. Меваи ин издивоҷи дуюми Каримов ду духтар – Гулнора ва Лола буд. Гулнора 8 июли соли 1972 дар Фарғона ва Лола 3 июли соли 1978 дар Тошканд дида ба ҷаҳон кушодаанд.

Хабарнигори узбек Алишер Тоқсанов, ки Пётр Каримовро аз наздик мешинохт ва ҳанӯз чанд сол пеш, баъди фирораш аз Узбекистон дар бораи писар доштани Ислом Каримов навишт, мегӯяд, Ислом Каримов баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалаш низ мувозеҳи аҳволи писари худ буд, вале ба як шакли аҷибуғариб. Аз ҷумла ӯ соли 1983, вақте раҳбари вақти Шӯравӣ Юрий Андропов аз гулӯи мансабдорон сахт гирифта буд, пеши Наталя Кучма омад ва талаб кард, ки Пётрро ба хидмати ҳарбӣ бифиристад.

Вале ба сурати умум, Пётр Каримов ҳатто баъди ба мақоми президент расидани падараш кӯшиш мекард, ки аз хонаводаи вай фосила бигирад.

Алишер Тоқсанов менависад, ки Пётр Каримов ҳамроҳи вай Донишкадаи хоҷагии халқи Тошкандро хатм кард ва солҳои охир дар мақоми муовини намояндаи Бонки миллии равобити иқтисодии хориҷии Узбекистон дар шаҳри Маскав кор мекард. Ин бонк баъдан ба «Азия-Инвест” табдили ном кард.

Наталя Кучма тақрибан тамоми умр дар Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Узбекистон кор кард ва соли 2008 аз олам чашм пӯшид. Ӯро дар Тошканд ба хок супурданд.

Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 вафот кард. Ҷанозаи президенти нахустини Узбекистонро ботантана дар зодгоҳаш – Самарқанд дар оромгоҳи Хуҷаи Хизр дафн карданд.

Дар маросими видоъ ва дафни Ислом Каримов аз се фарзанди ӯ фақат духтари хурдиаш Лола ҳузур дошт. Гулнора Каримова барои сирқати садҳо миллион доллар алакай ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Пётр Каримов он вақт расман фарзанди Каримов эътироф нашуда буд, ки дар ин маросим ширкат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *