Ислом Махачев

Ислом Махачев омодагии ҷиддӣ дорад

Чемпиони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев, ки 21-уми октябр бо довталаб Чарлз Оливейра муҳорибаи такрорӣ мекунад, дар суҳбати ихтисосиаш бо “UFC Eurasia” доир ба рақибаш, омодагӣ ба муҳорибаи навбатӣ ва фикри қатъи корномаи варзишӣ гуфт.

Махачев дар аввал мегӯяд, ки нафареро як маротиба мағлуб кардӣ, дигар намехоҳӣ бо ӯ ба майдон бароӣ, балки номи нав даркор аст. Вале Чарлз Оливейра ба ин муҳорибаи такрорӣ меарзад, зеро қариб ҳамаи ҷанговарони «Топ»-и UFC-ро мағлуб кардааст.

— Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ман дар муҳорибаи дуюм бо Оливейра ангезаи кам дорам, зеро аллакай як маротиба шикасташ додам, вале ин тавр нест, балки ман хеле зиёд тамрин мекунам ва ҳамаҷониба омодаам,- гуфтааст дар мавриди омодагиаш Махачев.

Инчунин, чемпион доир ба эҳтимоли қатъи корномааш ишора карда, мегӯяд, ки сол аз сол натиҷаи тест нишон медиҳад, ки ҳаракату қуввааш беҳтар шуда истодааст ва ҳоло фикри қатъи корномаи варзиширо надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *