Исломи сохтаи Кабирӣ

Оқои Кабирӣ! Иттифоқан, навореро бо суҳбати Шумо дар YouTube тамошо кардам. Мазмуни суҳбат норавшану баҳсбарангез ва оҳанги он бисёр ситезаҷўёна буд. Баёни андешаҳоятон тамоман мубҳаманд. Дар баёни онҳо созгорӣ дида намешавад. Гўё, ки худ ба худ мухолифат менамоед. Шояд барои худатон низ онҳо таҳлили илмиро металабанд. Аз лиҳози идеологӣ низ дар онҳо ҷой барои арзёбии объективӣ ва муноқиша мавҷуд ҳаст. Маълум аст, ки сўҳбатро барои авомуннос ихтисос додед. Аммо гап дар самимият аз гуфтор ва ният аз аъмол аст. Ман муноқишаҳои фикрӣ, муҳокимарониҳои бедалелро қабул надорам. Дар онҳо андешаҳои хуб ҳам ботил мешаванд. Ҳазрати Имом Алӣ (раз.) гуфтааст: «Алҳилофу яҳдиму-р-раъя», яъне «муноқишаи беҷо андешаро вайрон месозад». Аммо «ҷодилҳум биллати ҳия аҳсан» (16:125) писандидаи Худованд аст.

                Шумо, оқои Кабирӣ, нахуст сўҳбатро аз сарчашмаҳои ифротгароӣ оғоз кардед. Сабабгори асосии онро дар зиёдаравии «мақомот» дидед ва 3-4 нафаре, ки онҳо, ба қавли Шумо, «дастандаркорони аҳли фармонанд». Дар ин маврид низ гуфтаҳоятон бисёр мубҳам ва бидуни ташхисанд.

                Баъдан, мавзўъро ба Қонуни дин — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», 2009 с. пайвастед. Ҳамзамон ба ман дарафтодед. Аҷаб бандубасти матолиб оростед. Сюжети сўҳбатро ҳам моҷароӣ кардед. Агар каме дигар кўшиш кунед, романнависӣ хуб мешавед. Бошад. Ғайрат кунед. Ба ҳар ҳол, дар сиёсат чунин тарзи гуфтор роиҷ аст. Чаро? Барои он ки сўҳбати бемантиқ мантиқнамо шавад, сухани пуч маъно пайдо кунад ва муассир гардад. Ҳолатҳои воқеънашударо ва суханҳои ногуфта ё ғайргуфтаро ба ман мансуб сохтед. Ин ифтироӣ маҳз аст. Ҳадди ақал гуфтаҳоятон аз гумонҳои нек мебароманд. Худованд дар Қуръони карим фармудааст: «Гумон ба ҳеҷ ваҷҳ одамиро аз ҳақиқат бениёз намегардонад (10:36)». Ва ё дар ояти дигар: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед, ки баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст (49:12)».

                Акнун, вориди мунозира мешавам. Ба ин мақсад ҳукмҳоятонро бо тамоми тафсилот овардан шарт нест. Аз нукоту ҷузъиёт худдорӣ мекунам ва ба моҳияти, ба қавли Шумо, мушкилиҳо кордор мешавам.  Аввал, ба таъбири Шумо, ба «Қонуни дин» дахл менамоям. Дар ибтидои матлаб Шумо аз ибораҳои хеле аҷиб истифода кардед ва дар интиҳои он ба хулосаҳои аҷибтар расидед. Масалан, аз рўи гуфтаи Шумо, гўё ман пурсида бошам, ки бо Қонуни дин чӣ мушкилӣ доред? Шумо ҷавоб дода бошед: «Ман бо Қонун, бо Президент, бо Шумо  мушкилӣ надорам». Пас бигўед бо кӣ ва бо чӣ мушкилӣ доред? Магар ин аҷиб нест?! Бо вуҷуди ин, Шумо бар хилофи «мушкилӣ» надоштанатон ба Қонун кор гирифтед. Дар он пасомадҳо ва оқибатҳои хатарзоро дидед. Аммо нагуфтед, ки куҷои қонун, кадом ҷумла, кадом ибора, кадом калима ва кадом ҳарфи он ташвишовар аст. Шумо, дар ниҳоят, гуфтед, ки Қонун зиддияти дину давлатро, ҷомеаро, як гурўҳро бар зидди давлат бармехезонад. Барои чӣ? Шумо илова кардед, ки бо ин кор онҳоеро, ки дар назди мардум маҳбубият доранд ва муътабаранд дар ҳошияи ҷомеа қарор медиҳед. Ҳаргиз ва ҳеҷг оҳ! На давлат ва на ягон нафари дигар чунин ҳадаф надоранд.

                Оқои Кабирӣ! Шумо бояд бидонед, ки ин дин исолати ваҳёнии худро дорад ва аз шарре осебпазир нест. Ба имондории ҳақиқӣ ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас, на ман ва на муллоҳои «муттаҳаму белаёқат», чуноне ки шумо мегўед, зарар расонида наметавонанд. Дар Қуръони карим омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба худатон бипардозед ва ҳар гоҳ, ки ҳидоят ёфтед он касе, ки гумроҳ шудааст, ба Шумо зиёне намерасонад (5:105)».  Бо баёни дигар, имондорӣ ва диндорӣ, ихлоси динӣ ба худи одам вобаста аст. Хулас Худо дар қалбҳост, нигаҳбони он Худост. Ҳамин тавр, гумонҳои Шумо, оқои Кабирӣ, дар ин маврид низ бедалел мебошанд. Иззату обрўро бояд аз Худо талабид (35:10).

                Дар ин робита бояд гуфт, ки маҳз риояи асли дунявият барои тозагии имон ёрӣ мерасонад. Шумо матлаби дунявиятро беҳуда ба баҳс кашидед. Дар ҳақиқат ман гуфта будам, ки дар мубориза барои соҳибихтиёрии инсон (на бар зидди дин) бояд асли дунявият бартарӣ дошта бошад. Ин асл ҷавҳари қуръонӣ дорад. Он бо дини ислом пурра созгор аст. Аз ин рў, фарқ байни гуфтаҳои ман ва ҳукмҳои Шумо дар он аст, ки ман дар бораи дунявият ҳамчун асл гуфтам ва Шумо дар бораи дунё ва дин бидуни тавзеҳи таносуби онҳо гуфтед. Таносубе, ки Шумо ба дину дунё додаед, таҳлили махсусро мехоҳад.  

Мабҳаси якум. Андешаи дунявӣ

                Оқои Кабирӣ! Нафаҳмидам, ки Шумо аз ман чӣ мехоҳед? Эродҳоятон ба гуфтаҳои ман ба мақсади хурдагирӣ буд ё талаби ҷавоб аз ман ба саволҳои беҷавоби Шумо. Вагарна ин сарусадо барои чист? Ман эродҳои Шуморо дар сўҳбататон таъкид бар матолиб ҳисобидам ва ба онҳо сароҳатан ҷавоб мегўям.

                Ман, бо тасдиқи сухани худ такрор ҳам шавад, мегўям, ки дар муборизаи андешаҳо, ба ибораи дигар, мафкураҳо, андешаи дунявӣ бояд ғолиб, яъне бартар бошад. Дар ин сухан мушкилӣ дар чист? Шумо худатон таъкид кардед, ки мардумро набояд ба динӣ ва дунявӣ ҷудо кунем. Мо ин корро накардем ва ҳеҷ гоҳ намекунем. Вале агар масъала дар сари андешаи дунявӣ ё асли дунявият бошад, он гоҳ матлаб дар чист? Мушкилӣ дар чист? Дар ҳеҷ чиз! Худатон ишора кардед, ки дар ҷомеа байни ҳаёти динӣ ва дунявӣ созгории комил вуҷуд дорад. Ин хуб аст. Ман ҳам қабул дорам. Пас ҳангомасозӣ барои чӣ? Масъала боз дар мушкилиҳои Шумост. Мушкилӣ дар муносибат байни андешаи дунявӣ ва андеша сиёсии ҳизби «Наҳзатӣ»-и Шумост. Барои рашантар шудани матлаб ба таҳлил ва таҳқиқи он мегузарам.

                Ба масъала, дар айни ҳол, ба ҳамин мавзуъ, ман аз дидгоҳи худ нигоҳ мекунам. Мавзӯъ бисёрпаҳлуст. Паҳлуи муносибро, ки ҷавҳари матлабро мекушояд, ёфтан кори осон нест. Ғайр аз ин, ба эродҳои Шумо низ ҷавоби муносиб доданиям. Бармегардам ба гуфтаҳои Шумо, ки гӯё ман амдан ва қасдан, байни дунявият ва дин тазод эҷод мекунам. Дар сурате ки дунё ва дин, ба қавли Шумо ҳамеша бо ҳам пайванданд ва созгории онҳо ба ҳаёти ҳаррўзаи мардум хос аст.

                Ман, баръакси Шумо, гуфтаниям, ки Қуръони карим байни ин ду падида фарқ гузоштааст. Вақте ки Шумо ба дунё назар мекунед, ба зоҳири он аҳамият медиҳед. Ҳамин аст, ки Худованд ҳушдор медиҳад: «Аз зиндагии дунё зоҳирашро мешиносанд ва ҳол он ки аз охират ғофиланд (30:7)». Яъне дунё бо дин, аз нуқтаи назари моҳият, як нест. Дунё барои охират аст. Илова бар ин ва аз ҳама муҳим, охират унсури имон аст. Дунё ҷавҳари имонӣ надорад. Яъне охират масъалаи эътиқодӣ аст. Аз ин рў, Қуръони карим дар ин садад масъалаи аз ҳама асосиро матраҳ менамояд. Худо ихтиёрдории инсонро, озодии ўро асл ва марҷаъи имондорӣ ва диндорӣ қарор додааст. Зеро дар дини Худо озодии эътиқод ва диндорӣ асли мутлақ аст (18:29, 10:99) ва динро ба ягон кас бо икроҳ, илзом ва зўрӣ бор кардан, қатъиян манъ мебошад (2:256, 10:99-100). Инсон дар интихоби имон ва ихтиёри куфр пурра озод аст (45:24).

                Ҳамин тариқ, оқои Кабирӣ, Шумо таносуби дину дунёро ноҷо, номутаносиб қарор додед ва аз доираи мавзӯъ берун рафтед ва андешаи тавҳидиро дар боби дину дунё нодуруст матраҳ ва хато баён намудед.

                Тибқи андешаи динӣ, гуногунрангӣ ва ихтилоф дар ҳаёти дунёӣ, аз ҷумла ихтилофот байни одамон аз рўи диндорӣ ва бединӣ, аз иродаи Парвардигор вобаста аст (12:118). Ва охират аз дунё инчунин бо он фарқ мекунад, ки дар охират гуногунӣ вуҷуд надорад: як қисм муъминанду дар биҳиштанд ва қисми дигар кофиранду дар дӯзах.

                Албатта, асли озодии эътиқод берун аз муқтазои замони худ, ҳудудҳои сиёсӣ ва идеологии таърихӣ зиёд қадам намегузошт. Ташаккули давлатдории арабӣ, рушди амалии он нисбат ба андешаи озодии виҷдон тараҳҳум нишон надод. Ҷои исломро ҳамчун дин андешаи сиёсии хилофат гирифт. Рафта – рафта ислом аз дини Худо ба идеологияи хилофат табдил ёфт. Шаръият бахшидан ба ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини машруъияти ахлоқии он вазифаи идеологии ислом шуд. Таъсири манфии сиёсисозии ислом ба асли озодии эътиқод дини исломро бетағйир ва бетаҳриф нагузошт. Шаръияти озодии эътиқод беэътибор гашт. Сиёсат сарҳадҳои имон ва куфрро дигар кард. Мудохилаи куфру имон оғоз ёфт. Такфир аз масъалаи берунии ақидавӣ ба масъалаи дохили исломӣ табдил ёфт. Исломи сиёсӣ такфири муъминро асли муносибат бо ҷомеа ва давлат қарор дод. Такфир хусусияти экстремистии исломи сиёсӣ гашт.

                Изофа бар ин. Дар дохили уммати исломӣ ҳаракатҳои тундравӣ идеологӣ ташаккул миёфтанд, ки дар ҳокимияти сиёсӣ барои хидмат ба хилофат тоифаи ҷудогонаи рӯҳоният (фуқаҳо, уламо, муллоҳо ва ғ.) пайдо шуданд. Аммо хилофатҳои исломӣ (уммавиҳо, аббосиҳо, усмониҳо ва ғ.) намегузоштанд, ки дар тоифаи рӯҳоният даъвоҳои теократӣ пайдо шаванд. Ин дар навбати худ, яке аз бартариҳои тамаддуни исломӣ ба шумор меравад, ки ифодакунандаи тавозуни сиёсат бо идеология ва намунаи сабақгирии таърихӣ мебошад.

                Гўё андешаи дунявият танҳо зодаи тамаддуни Ғарб буда, дар мероси фарҳангии Шарқи исломӣ решаҳои амиқ надорад. Ин мавзӯъ бояд мавриди баҳси тӯлонӣ қарор дода шавад. Ғайр аз ин, андешаи дунявият дар ислом бартарии ахлоқӣ ва фарҳангии худро новобаста аз муқтазои омезиш бо фарҳангҳои бумии қаламрави муштарак нигоҳ доштааст. Дар замонҳои баъд, агар мудохилаи истеъмории Ғарб намебуд, ривоҷи ҳаракатҳои ифротгароӣ инкомнопазир мегашт. Дар баробари ин фалсафа ва зеҳният ақлгароии исломӣ метавонист андешаи дунявии қуръониро ба як нерӯи бузурги тамаддунӣ мубаддал созад. Барои исботи ин ҳукм андешаи дунявият дар ислом ақлгароии фалсафии он, алалхусус, назарияи ҳақиқати дугона далели маҳкам аст. Набояд фаромӯш кард, ки мутафаккири исломӣ Ибни Рушд то асри XVIII дар  Аврупо ҳамчун асосгузори дунявият эътироф мегардид ва падари дунявият (абулалмония) хонда мешуд. Бинобар ин дунявият ҳаргиз моли аслии Ғарб набуда, комилан арзиши олии исломӣ мебошад.

                Дар давоми гуфтаҳои боло бояд тазаккур дод, ки озодии интихоби эътиқод ё умуман бединӣ набояд ба ҳадди ифрот расад. Ҳатто эътиқоди атеистӣ бояд ихтиёри ахлоқии шахс дониста шавад. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, бояд ба он ҳамчун ба падидаи инсонӣ муносибати мувофиқ намуд.

Дар охири матлаб шоёни қайд аст, ки миллати тоҷик бояд шинохти ҳувияти таърихии худро бар асли дунявият қарор дода, мероси ниёгонро, новобаста аз эътиқоди динӣ ё бединӣ қадрдонӣ намояд. Имрўзҳо танҳо худшиноси миллӣ моро, бидуни шак тавфиқу камолот мебахшад ва хатарҳои мафкуравиро безарар мегардонад. Асли дунявиятро дар ин росто метавон дар ҳукми зерин хулоса кард. Дунявият – ин интихоби ё дин аст ва ё бединӣ ва маҳз ҳуқуқ ба ҳар кадоми онҳо ба андешаи ихтиёри инсон маънӣ мебахшад.                                 

Мабҳаси дувум. Амнияти миллӣ

Дар сатҳи ҷаҳонӣ тағйиротҳои куллӣ сар задаанд. Низоми дуқутбии амниятӣ аз ҳам рехт. Давлатҳои нав, аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии дорои иттиҷоҳи динӣ пайдо шудаанд. Ин раванд идома дорад. Ва он хоҳунохоҳ тавозунро дар амнияти байналмилалӣ тағйир медиҳад. Вале он бе мубориза, бе задухўрди қудратҳо сурат намегирад. Симои давлатҳо, режимҳои сиёсӣ низ дигар шуда истодаанд. Ҳарчанд усули бунёдии ташаккули тавозун, нақши бозигарони анъанавӣ ба сифати стратегияи доимӣ боқӣ хоҳанд монд. Албатта, дар ин раванд арзишҳо, принсипҳо, консепсияҳо пайдо мешаванд, ки ба инобат нагирифтани онҳо эҳсоси набзро дар муноқишаҳои сиёсӣ душвор мегардонад. Хосатан дар манотиқи даргир. Андешаи динӣ, алалхусус, дидгоҳи ҳаракатҳо ва ташкилотҳои экстремистӣ дар ин садад бе муболиға таъсиргузор мебошанд.

Дар чунин ҳолати мавҷуда, албатта, аз лиҳози сиёсӣ, стратегияи «тафриқа андоз ва ҳукумат кун» ҳамчун масъалаи рақобат миёни андешаи динӣ ва дар баробари он — андешаи дунявӣ, гирудор ва муноқишаҳои амниятии онҳо, тағйири ҷиҳат дошта бошад ҳам, зарурати таҳлил ва таҳқиқи муносибатҳои давлатҳо, миллатҳо дар боби амнияти дохилӣ ва берунӣ, беш аз пеш ҳассостар гаштааст.

Қобили тазаккур аст, ки алҳол омили иттилоотӣ дар муборизаи идеологии муосир нуфузи бесобиқаро касб намудааст. Вале таъкид бар он ки гўё андешаи динӣ, таъсири он ба ҷомеаи Тоҷикистон боиси нигаронии давлат шудааст ва Қонуни дин сабабгори он мебошад комилан беасос аст. 

Оқои Кабирӣ! Аввал ин ки андешаи диниеро, ки Шумо дар назар доред, ҷаълӣ ва сохта аст. Он дар сарчашмаҳои динӣ реша надорад. Воқеъият ва ҳақиқати андешаи динии Шумо дигар аст. Он аз принсипҳои геополитикии Ғарб маншаъ гирифта, барои таъмини мудохилаи омили аҷнабӣ ва бўҳронӣ сохтани вазъи амниятӣ дар давлатҳои дунявӣ ва хидмати хирсона кардан ба миллатҳои мусулмон равона шудааст. Истилоҳан он чиро ки, Шумо андешаи динӣ мегўед, дар асл исломи сиёсӣ аст, ки бо дини ислом комилан мухолиф мебошад. Исломи сиёсӣ як навъ вокуниши хатарноки идеологӣ ва сиёсӣ дар Шарқи исломӣ мебошад, ки он бо таҳрик ва дастгирии бевоситаи Ғарб ба вуҷуд омада аст. Намунаи исломи сиёсиро дар аҳли тасаннун ваҳҳобия, салафия, ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва ғ. дар олами ташайюъ идеология ва сиёсати Вилояти Фақеҳ таҷассум менамоянд. Дар Тоҷикистон, ифодаи «исломи сиёсӣ» андешаи «Наҳзат» мебошад.

Дар ин ҷо як нуктаро қайд кардан бамаврид аст. Ба Қонуни дин эрод гирифта изҳор доштед, ки он бевосита фазои динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ноуствор мегардонад.

Дар ин сурат суол пайдо мешавад. Дар мафкураи «исломи сиёсӣ» андешаи калидӣ ин як будани дину давлат, ҷудонопазирии дин, сохторҳову муассисаҳои динӣ аз низоми сиёсӣ аст.  Чунин пайвандӣ ба асосҳои сохтори конститутсионии давлати дунявӣ пурра зид мебошанд. Аз ин ҷиҳат, андешаи динии сиёсии Шумо, оқои Кабирӣ, на танҳо ба Қонуни дин, балки ҳатто ба хиради солим ва инчунин ба ҷараёни рушди давлатдории миллӣ номувофиқ аст. Таҷриба ва амалияи «исломи сиёсӣ» дар давлатҳои дунявии олами ислом равшан нишон медиҳанд, ки дар асоси андешаи динии Шумо (теократия) миллату давлатҳо аз як сў, исломи сиёсӣ аз сўи дигар ва Ғарб аз тарафи сеюм бар зидди асли дунявият қарор гирифтаанд. Агар мудохилаи аҷнабиро ба назар гирем, дар дохили кишвар аз ибтидо «исломи сиёсӣ» буд.

Муродулло Давлатзода

(Давом дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *