Исломшиноси худоношинос

Дар  Фаронса, Тариқ Рамазон, як пажӯҳишгари шинохтаи исломро расман ба таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам карданд. Ду зан мегӯянд, ки Тариқ Рамазон ба онҳо дастдарозӣ кардааст. Пажӯҳишгари шинохтаро, ки шаҳрванди Швейтсария аст, рӯзи 2-уми феврал ба таҷовузи ҷинсӣ ва таҷовузи фарди осебпазир муттаҳам кардаанд.

Ҳенда Аёрӣ, як ҳомии ҳуқуқи занон, Тариқ Рамазонро ба он муттаҳам мекунад, ки ӯро соли 2012 дар як меҳмонхонае дар шаҳри Порис таҷовуз кардааст. Зани дигаре мегӯяд, ки донишманди шинохта ӯро соли 2009 дар шаҳри Леон таҷовуз кардааст.

Тариқ Рамазон иттиҳомотро рад кардааст ва вакилонаш мегӯянд, ҳарду зан мехоҳанд, ӯро беобрӯ кунанд. Тариқ Рамазон набераи бунёдгузори созмони Ихвонулмуслимин аст ва дар Донишгоҳи Оксфорд дар бораи исломи муосир дарс мегуфт. Ӯ дар Фейсбук 2 миллион пайрав дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *