Исматулло Холов: Дилам кашоли Мавҷуда буд

 

Хонандагони азиз, тавре ки шумо огоҳӣ доред, ҳафтаномаи “Оила” бахши наверо бо унвони “Ишқ ва никоҳи мардҳои машҳур” боз намудааст. Имрӯз мо ин силсиларо идома дода, шуморо бо ҳаёти оилавии яке аз ҳунармандони шинохтаи кишварамон Исматулло Холов ошно месозем.

-Акои Исматулло, сарояндаҳо дар ҳама давру замон дар байни занҳо муштариёни зиёде доранд. Росташро гӯед, барои дили чунин йигити зебо ва машҳурро ба даст овардан чанд духтар даст ба гиребон шудаанд?

-(Механдад) Духтарҳои ошиқи зор албатта буданд, вале дили банда, ки ба ҳамин янгаатон Мавҷудахон кашол буд, чашми ошиқ кӯр аст, гуфтагӣ барин, ба ғайр аз вай дигар ягон нозанин дар чашмам наметофт.

-Одатан падару модароне, ки бачаи зангир доранд, барвақт аз байни хешу табор ва ёру дӯстонашон ягон духтаракро таги чашм карда мемонанд. Волидонатон аз муҳаббати шумо огоҳ шуда, дар саратон чормағз нашикастанд?

Баръакс, хурсанд шуданд, ки ман духтари хондагии босаводро интихоб кардааму дар зиндагӣ азоб намекашам.

Янга кадом донишкадаро хатм намудаанд?

Янгаатон аз рӯйи ихтисос муаллима-омӯзгор аст. Соли 1987 моро ба Донишкадаи омӯзгорӣ, ки ҳамон вақт бо номи “Пединститут” машҳур буд, ба як маҳфил даъват карданд. Дар ҳамон ҷо Мавҷудахонро дида, бо як нигоҳ ошиқи зораш гаштам ва падару модарамро ба хонаашон хостгорӣ фиристодам.

Вақти зангирии шумо ҳам танзим буд?

Не, он замонҳо танзим гуфтагӣ гап набуд. Падару модарам се шабу се рӯз ба мардум ош дода, сари моро ҷуфт намуданд.

Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва баъзан ситораи ошиқон баъди хонадор шудан бо ҳам рост намеояд. Байни шумо ва ҳамсаратон боре ягон нофаҳмӣ шуда буд?

-Медонед, зани ман зан не, ороми ҷон аст. Ман бисёр вақт фикр мекунам, ки агар бо ягон зани дигар хонадор мешудам, шояд дар зиндагӣ чандон хушбахт намешудам. Мавҷудахон, ки табиатан зани хирадманд буд, мо тавонистем, ки дар тули зиёде аз 30 сол зери як бом орому осуда зиста, ба ҳамдигарфаҳмию ҳурмату эҳтиром фарзандони худро дар руҳияи неки инсонӣ тарбият намоем.

-Имрӯз дар сар то сари Тоҷикистон одамеро ёфтан душвор аст, ки Нигора Холова ва Суруш Холовро нашиносад. Дар тарбияи фарзандонатон саҳми кӣ бештар аст: шумо ё модарашон?

-Нозукиҳои санъатро Суруш ва Нигораҷон албатта аз ман омӯхтаанд, вале бояд иқрор шавам, ки дар тарбияи маънавии онҳо саҳми модарашон бештар аст. Азбаски ман сароянда будаму хеле кам фурсати дар хона бо бачаҳо машғул шуданро доштам, ҳамсарам тамоми қуввату малакаи хешро сарфи тарбияи фарзандонамон менамуд.

-Мегӯянд, ки замони Шӯравӣ сарояндаҳо дар тӯйҳои мардум то субҳ суруд мехонданд…

-Ҳақ асту рост! Ману марҳум Кароматуллои Қурбон он замонҳо машҳур будем ва қариб ҳар рӯз ба ин ё он тӯй даъват мешудем. Баъзан тӯй то соатҳои 4-5-и бомдод идома меёфт. Бо шарофати танзим имрӯз кори сарояндаҳо хеле осон шудааст, ҳамагӣ 2-3 соат суруд хонда, ҷонашонро халос мекунанд…

-Аксари сарояндаҳо дар ҳаёти оилавӣ хушбахт нестанд. Сабаби ин носозгориро шумо ҳамчун марди таҷрибадор дар чӣ мебинед?

Ман ҳам тез-тез мехонам, ки фалон ҳофиз аз ҳамсараш ҷудо шудааст ё  фалон сарояндаро занаш ба суд додааст. Бовар кунед, ҳамаи ин аз рӯйи бесаводӣ аст. Зани бофаросат ҳеҷ гоҳ ба хотири як СМС ё занги телефонии кадом як мухлис шуда, зиндагиашро вайрон намекунад.

-Шумо занҳоро гунаҳкор мекунед, вале мардҳои сароянда ҳам чандон мусичаи бегуноҳ нестанд, баъзан чунон корҳое мекунанд, ки …

Албатта ман гуфтанӣ нестам, ки дар вайроншавии оилаҳо фақат занҳо гунаҳкоранд. Мардҳои сароянда ҳам набояд масъулияти худро ҳамчун мард аз ёд баранд. Инсон дар кадом пояе, ки қарор надошта бошад, бояд фарзандонашро дар мақоми аввал гузорад, зеро оила  чизи муқаддас аст.

-Акои Исматулло, росташро гӯед, маъшуқабозӣ мекунед?

Ман ягон вақт чунин одати бад надоштам. Намедонам, табиатан майл набуд ё бо сабаби пайваста дар фикри эҷодиёт будан ман ҳатто фурсат намеёфтам, ки дар ин бора фикр кунам.

-Хуш ба ҳоли янга, ки чунин шавҳари вафодор дорад!

-Духтарбоз шудану нашудани мард аз бисёр ҷиҳат ба зан вобаста аст. Ҳамсараш ҳамеша гул барин зебо, тозаю озода ва меҳрубон бошад, мард ҳеҷ гоҳ думболи зани дигарро намегирад.

-Ҳоҷати дар бораи Суруш ва Нигора ҳарф задан нест, зеро онҳо бо ҳунари хеш худро кайҳо ба мардум шиносонидаанд. Бигӯед, ки писари хурдиатон машғули кадом касбу кор аст?

-Фарзанди сеюми мо Сиёвушҷон яке аз донишгоҳҳои машҳури шаҳри Шарҷаи Аморати мутаҳиди Арабистонро хатм карда, чанде пеш ба Ватан баргашт ва имрӯз дар  риштаи магистратура таҳсил намуда истодааст. Ману модараш ният дорем, ки то соли нав сарашро ҷуфт карда, охирин орзуву ҳавасҳоямонро амалӣ гардонем.

-Фарзанд бодому набера мағзи бодом гуфтаанд. Чанд набера доред?

-Ду набераи ширинак дорем. Аз Сурушҷон як духтарча бо исми Ҳадяхон ва аз Нигора як духтарча бо исми Амирахон.

-Шумо ҳамчун мард худро дар зиндагӣ хушбахт меҳисобед?

-Дар сояи давлати фарзандон орому осоишта умр ба сар бурдан худаш хушбахтӣ аст!

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *