Исматзода директори Академияи ВАО таъин шуд

Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъин гардид.

Исматзода дар ин вазифа Зинатуллоҳ Исмоилзодаро иваз намуд. Тавре дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми март омадааст, Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» озод карда шавад. Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Исматов  Саъдӣ Маҳдиевич, зодаи шаҳри Кӯлоб,  забоншинос, номзади илмҳои филология (2004), дотсент (2007) мебошад. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Кўлоб ба номи Рўдакӣ (1990), аспирантураи ДМТ (1998) аст. Аз соли 1990 то 2001 омўзгори кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии шаҳри Кўлоб буд. Аз соли 2001 муаллими калон ва баъд дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДМТ аст.  Аз декабри соли 2008 то моҳи майи соли 2012 дар вазифаи директори маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2012 то моҳи феврали соли 2016 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ  буд.  Аз соли 2016 то 5-уми марти соли равон вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ-ро бар ӯҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *