Исмоилхон дар дасти Толибон
Манобеи хабарӣ дар Афғонистон тасдиқ карданд, ки Амир Исмоилхон, фармондеҳи ошӯбҳои ҷиҳодӣ ва мардумӣ дар вилояти Ҳирот, чанд соат пеш аз ҷониби Толибон (созмони дар Тоҷикистон ва баъзе дигар кишварҳо мамнӯъ) асир гирифта шудааст.
Амир Исмоил Хон, фармондеҳони саршиноси муҷоҳидини афғон аст, ки замоне низ се сол дар асорати Толибон буд ва тавонист аз дасти онҳо фирор кунад.
Манбаъҳо илова карданд, ки муовини сардори амният, губернатор, фармондеҳи артиш ва сардори полис низ ба Толибон пайвастаанд.
Амир Исмоилхон ҳангоми ҷанг дар тӯли чанд ҳафта дар шаҳри Ҳирот бо дифоъ аз ҳаёт ва моли мардум асир афтод.
Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, низ дирӯз ба дасти Толибон афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон афтода буд.
Толибон ба 150 километрии Кобул наздик мешаванд.
Суқути Ҳирот барои ҳукумати марказии Афғонистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Ин шаҳр чанд ҳафта пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ба дасти ҷангиёни Толибон афтод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ