Исмоилов қасди таркиш дар Русияро дошт
Додгоҳе дар вилояти Хатлон як сокини 27-соларо барои бо дастури гурӯҳи “Давлати исломӣ” омода шуданаш ба анҷоми таркиш дар Русия муттаҳам ва ба мӯҳлати 10 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯли собиқ) гуфт, ки дар ҷараёни муҳокимаҳо тамоми иттиҳомоти зидди Раҳмонхӯҷа Исмоилов исбот шуд.
Худи маҳкумшуда дар додгоҳ гуноҳҳояшро эътироф карда гуфтааст, ки аз ноогоҳӣ ба ҳарфи гурӯҳҳои ҷиноятпеша бовар карда ба ин роҳ рафт, вале ҳоло пушаймон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ