Исмоилзода Абдуалим мансаби нав гирифт
Як манбаъ ба Pressa.tj гуфт, ки Исмоилзода Абдуалим, раиси собиқи шаҳри Бохтар директори Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин шудааст.
Ин таъинот дар мувофиқа бо Роҳбари давлат ва фармони Озода Раҳмон Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Исмоилзода Абдуалим қаблан ҳамчун раиси ноҳияҳои Кӯшониён (Бохтари собиқ), Шаҳритус ва раиси шаҳри Бохтар (пештара Қӯрғонтеппа) фаъолият кардааст. Ҳамчунин, ӯ як соли охир муовини аввали раиси вилояти Хатлон буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ