Исмоилзода: Кумита фаъолияти пурсамар дошт

Имрӯз дар Маркази иттилоотии “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур  муовини  раиси Кумита Исмоилзода  Ёқуб Борон ширкат намуда,  оид ба фаъолияти ин сохтор маълумоти муфассал ироа намуд. Ӯ изҳор дошт, ки  дар соли оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногун, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, машваратҳо доир намуда, баҳри бартараф намудани норасоии оби ошомиданӣ дар ин маҳалҳо тадбирҳои судманд анҷом медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин нишаст Исмоилзода  иброз дошт, ки бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуд.

Кумита тӯли шаш моҳ фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Лахш, Тоҷикобод, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Ванҷи ВМКБ –ро вобаста ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дод. ”Дар  кори тағйир додани номи минтақаҳои гуногуни кишвар Кумита фаъолияти пурсамар дошт ва ин тағйиротҳо мувофиқ қонунгузории кишвар дар ин маврид амалӣ  гардиданд” изҳор намуд Исмоилзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *