Ҳисобкунакҳои масрафи обу барқу газ ва насби онҳо гарон шуданд

Баъд аз болоравии арзиши ғизо, молҳои ниёзи аввалия ва хизматрасониҳои дигар дар Туркманистон, қимати воситаҳои андозагир ё ҳисобкунакҳои масрафи обу барқу газ ва насби онҳо низ гарон шуд.

«Ҳоло дастгоҳи андозагир барои об 200 манат (наздики 57 доллар) ва насби он 50 манат арзиш дорад. Соли гузашта қимати он 130 манат буд. Охири соли гузашта ҳисобкунакҳо камчин шуда буданд, вале ҳоло дастрас ҳастанд», — иттилоъ додаанд рассонаҳо  аз шаҳри Ишқободи Туркманистон.

Дар ҳамин ҳол, Туркманистон истеҳсоли ҳисобкунакҳои дохилиро ба роҳ мондааст. Бино бар иттилои мақомот, корхонаи тозабунёди истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқӣ дар сол 180 ҳазор адад таҷҳизот истеҳсол хоҳад кард.

Харидорӣ ва насби таҷҳизоти андозагир баъди бекор шудани имтиёзҳои давлатӣ дар масрафи газу обу барқ зиёд шуд. Дар Туркманистон сокинон сар аз соли 1990 то 2017 дар истифодаи газу барқу об имтиёз доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *