Ҳисор: Ҳамлаи саги одамхӯр ба кӯдакон
Дар деҳаи Кафшдузони шаҳри Ҳисор як саги ваҳшӣ аз кӯҳ фаромада, шаш сокини ин деҳаро газидааст ва боз ба чанд сокини деҳаи мазкур ҳамла намудааст. Мардуми деҳоти Шоҳон,Чашмабозор ва Нилу, ки ба ин деҳа наздиканд аз рафтани фарзандонашон ба мактаб дар тарсу ҳаросанд.
Як нафар сокини деҳаи мазкур ба сомонаи Тajikistantimes.com дар тамос шуда, гуфт, ки чор нафари аз ҳуҷуми саг ҷароҳатбардошта хонандагони мактаб буда, ду нафарашон ҷавони то 23 сола мебошанд. Онҳо санаи 30-уми январ ба ҳамлаи ин саги ваҳши афтида, аз дасту пой ва сару гарданашон ҷароҳати вазнин бардоштаанд ва айни ҳол дар беморхонаи шаҳри Ҳисор таҳти табобати духтурон қарор доранд.
Муслима Раҳимова, модари Шӯҳрати пайи ҳамлаи саги ваҳшӣ қарор гирифта гуфт: — Сарамро ба дару девор зада бачаи ягонаамро табобат дорам. Ба сари ягон модар ин рӯзи бад наояд.
Бояд гуфт ки вақтҳои охир шумораи сагҳои дайду ва бесоҳиб дар кучаҳои шаҳру деҳот афзуда, сабабгори хавотирии волидон гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ