Ҳисор: Марги зани 64-сола аз мушти бародарон

Бино ба маълумоти, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор ҷавонписари 18-солаи сокини деҳаи Ҳуҷуми шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми декабри соли равон, тахминан соати 09:30-дақиқа бародарон: марди 22-сола ва ҷавонписари 18-солаи истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳринав ба хонаи истиқоматашон омада, бе ягон асос ӯро лату кӯб карда, модараш — зани 64-соларо бо лагат задаанд.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *