Ҳисор: Муноқишаи бародарон бо кордзанӣ анҷомид
Бино ба маълумоти ВКД, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 28-уми октябри соли 2017, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, бо бародараш, марди 41-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ