Ҳисор: Таҷовуз ба номус ва таҳдид нисбат ба духтари 7-сола

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор таҳқиқи ҳодисаи дастдарозии эҳтимолии ду ноболиғ ба номуси як духтари 7-соларо шурӯъ кардааст. Гумонбарон пас аз даҳ рӯз ба бозпурсии пулис даъват шудаанд.

«Г.Ҷ», хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114-и ин деҳа, ба гуфтаи волидон, рӯзи 8-уми июн аз хонаи ҳамсоя, ки маъмулан барои бозӣ бо кӯдакон онҷо мерафт, нороҳат ва афсурдаҳол баргашт.

Волидони духтар гуфтанд, маълум шудааст, ки «ҳамсояписари 14-солаи онҳо Г.Ҷ-ро бо роҳи фиреб, яъне бо истифода аз фурсат ба дохили манзили худ бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Бо ин ҳол, духтар рӯзи аввал хомӯш мондааст.»

Ниёзбону Ҷабборова, модаркалони “Г.Ҷ” гуфт, набераи хурдсолаш рӯзи фоҷеа — ҷумъаи 8-уми июн аввал аз тарс ба онҳо чизе нагуфт, фақат баъди ворид шудан ба хона хоб кард. Фардои он рӯз кӯдак ба модар ва бибияш аз дарди зиёди бадан шикоят кард. Баъди пурсукоби зиёд бо шубҳаи таҷовуз шудан ӯро ба беморхона бурданд.

Ташхиси рӯзи 11-уми июн муайян кардааст, ки духтарак мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Худи кӯдак иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарҳои ҳамсояи рӯ ба рӯ «дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд», ки дар ин бора ба касе лаб накушояд.

Ҳоло гумонбари аслии таҷовуз ба номуси ин кӯдаки 7-сола С.Р., сокини 14-солаи деҳаи Кончии Ҳисор ном бурда мешавад. Ҳарчанд мақомот як навраси 15-солаи дигарро ҳам дар ин ҷиноят шарик медонанд, ба гуфтаи ҳарду ҷониб, нафари дуввум Т.Р.-и 15-сола хонандаи дигари мактаби рақами 26 танҳо барои кумак ва ошкор накардани ҷиноят гумонбар дониста мешавад.

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба «ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта», яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *