Ҳисор: Зан аз ҷабри шавҳар худро оташ зад
Бо дидани чеҳраи зан “шок” шудам, зеро сару рӯяш он қадар сахт сӯхта буд, ки кас ба даҳшат меафтид. Аз одами зинда дида, ӯ бештар ба гӯсфанде монанд шуда буд, ки бечораро дар қурраи оташ тандуркабоб кардаанд.
Бӯйи ғализи равғани бадани одамизод дар палата паҳн гашта, нафас гирифтан душвор буд. Беихтиёр аз дилам гузашт, ки дар ин ҳавои гарму тасфон бо бадани сӯхтаву бирёншудаи пур аз хуну зардобу обила ин зани бечора чӣ қадар азоб мекашида бошад? Инсон бояд чӣ қадар дарду ранҷ дошта бошад, ки бо дасти худ ба сараш бензин ё салярка рехта, худашро оташ занад? Кадом беинсоф ин занро маҷбур кардааст, ки дар ҳамин дунё худро ба оташи сӯзони дӯзах андохта ба чунин ҳол гирифтор созад?
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Миллионери 9-сола
Райяни 3-сола ба модараш тақлид намуда, чанд мурғобӣ харид. Ҳаққу ҳамсояҳо аз паси мурғобиҳо давида гаштани Райанро бозии кӯдакона мепиндоштанд, падару модараш бошанд ҳайрон буданд, ки ин бачаи шӯх ин қадар парандаро чӣ кор мекарда бошад. Райан ба касею чизе аҳамият надода аз паси нигоҳубини мурғобиҳо шуд. Вай ҳар рӯз тухми 60 мурғобиро фурӯхта, аз ин ҳисоб 15 доллар даромади соф ба даст меовард. Ба ҷойи ӯ ягон кӯдаки дигар мебуд, шояд бо ин пул шоколад ё хурӯсқанд харида, бо завқ мехӯрд, вале Райан ҳаттто як доллари аз ҳисоби фурӯши тухми мурғобӣ ба даст овардаашро сарф накарда, пулашро тин ба тин ҷамъ мекард ва пасандоз менамуд…
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Таҷовузи духтарчаи 7-сола дар Ҳисор
Таҷовузгарон ду нафар будаанд ва ба гулӯи кӯдак корд монда, таҳдид кардаанд, ки агар ба касе гӯяд, мекушанд
Хабари гӯшхароши таҷовуз шудани як духтарчаи 7-сола аз тарафи навраси 14- сола дар деҳаи Кончии шаҳри Ҳисор сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда, то редаксияи ҳафтаномаи “Оила” расид. Ин хабари нохуш моро сахт ба изтироб овард ва барои фаҳмидани ҳақиқат доштан ё надоштанаш роҳи Ҳисорро пеш гирифтем. Раҳораҳ бо чанд нафар ҳамсуҳбат гашта, рост ё дурӯғ будани ин гапро пурсон шудем. Ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки духтарча дар ҳақиқат таҷовуз шудааст, вале чӣ гуна сурат гирифтани ин ҳодисаро касе аниқ намедонад. Овозаҳо гуногун буданд, яке мегуфт, ки духтаракро дар хонаи худашон таҷовуз кардаанд, дигарӣ ҳадс мезад, ки модараш кӯдаки бечораро бе ҳушу бе ёд дар оғили гов пайдо кардааст, саввумӣ тахмин мекард, ки аз падар надоштанаш истифода бурда, нисбати ин тифли бегуноҳ чунин кори бад ва ноинсофонаро раво дидаанд.
Таҷовузкор кист ва ҳодиса дар асл чӣ тавр рӯй додааст?-Ба ин савол танҳо аҳли маҳалла ва наздикону пайвандони ҷабрдида ҷавоб дода метавонистанд ва мо ба ҷустуҷӯи онҳо ба деҳаи Кончӣ равон шудем.
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Истаравшан: Қайсингил янгаро кушт
Хоҳаршӯяш духтарамро кушта, боз шарм надошта ба морг омадааст. Мани аз асли гап бехабар қотили духтарамро ба оғӯш гирифта зорӣ кардам, ки Гулмираҷон, росташро гӯй, ба янгаат чӣ гап шуд. Вай аз худ мусичаи бегуноҳ тарошида, гуфт, ки Гулшода салат тайёр мекард, якбора сараш чарх зада ба болои корд афтид. Ман ба ғами худам овора фикр накардам, ки ба рӯйи корд афтидани одам номумкин аст, охир корд ниҳол нест, ки дар рӯйи ҳавлӣ рост рӯида бошад ва кас ба болояш афтида мурда монад. Моро ахмақ фикр карда то имрӯз мегӯянд, ки ягон хел хун набуд, охир чӣ хел одамро мекушанду хунаш ҷорӣ намешавад. Очаю духтар духтарамро кушта, хуну халафашро шуста тоза кардаанд, то ки ягон изи ҷиноят намонад.
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Домоди «машеник» ҳаёти муаллимаро сӯхт
Модарам кӯрпаю болиштҳои арӯсии маро дӯхта тайёр карда буд, худам дар ба дари кошонаҳои арӯсӣ гашта, куртаи муносиб ва фатта мекофтам, вале дар ана ҳамон рӯзҳои фараҳбахш ошиқам маро ба мулоқот даъват карду бо қошу қавоқи овезон гуфт: «Духтари холаи ту бо як ҷӯраи ҷонии ман мегаштааст. Дирӯз тасодуфан бо ӯ шинос шудам. Вақте фаҳмид, ки ман туро ба занӣ гирифтанӣ ҳастам ва як ҳафта пас тӯй мешавад, ба ҳолам хандид. Духтари холаат мегӯяд, ки ту кайҳо боз духтар нестӣ ва худатро ба ман ҳамчун духтари покдомон нишон дода, маро «лох» кардан мехоҳӣ…»
Бо шунидани ин гап ҳуш аз сарам парид. Гиря кардам, бо тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрдам, ки ягон мард дастамро надоштааст, вале ӯ танҳо як гапро такрор мекард: «Ман то туро худам санҷида набинам, бовар намекунам!»
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Тӯҳмати бахтсӯз
ё чаро тӯйи арӯсии Элчин вайрон шуд?
Юнус пеш аз сабти филм эълон карда буд, ки дар наздиктарин фурсат тӯйи пуршукуҳе ороста, Элчини нозанинро рӯйи дастонаш бардошта ба хонаи худ мебарад, вале баъди пайдо шудани сару садоҳои гӯшхарош дар бораи арӯсаш аз фикраш гашта, фотиҳаро гардонд. Оздикент рашк карданашро ошкор накарда, баҳона пеш овардааст, ки ҳоло имконияти тӯй кардан надорад, аз ҳамин сабаб маҷбур аст, ки базми хонадоршавиашро ба таъхир гузорад, вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки байни ду дилдода аз рӯйи Бориш ҷанҷол сахт бархоста, абадан аз ҳам ҷудо шудаанд.
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Келини урусӣ
Муллоро оварда, моро никоҳи мусулмонӣ карданд. Забонашонро намефаҳмидам, меҳмонҳо чизе, ки нагӯянд, дар ҷавоб табассум мекардам. Рӯзҳои аввал зани бародари Юсуф “Алёна, ту хӯрок паз, ман гову молҳоро мебинам” гӯён, ба таври худаш дар ҳаққи мани ғариб меҳрубонӣ мекард. Дасту остин барзада гречка, борш, перловка, уха, свеколник мепухтам, вале ба ҷуз худаму шавҳарам дигар ягон кас хӯроки пухтаамро намехӯрд. Ҷиянҳои Юсуф “оча, хӯрокро худатон пазед, авқотҳои пухтаи янгаи урусамон бемазаанд” гуфта, биниашонро инҷ мекарданд.
(Идомааш дар шумораи №25- ҳафтаномаи “Оила”)
Барои дастрас намудани ҳафтаномаи “Оила” ба рақамҳои 918-63-31-63 занг занед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ