Ҳисору Қурғонтеппа беш аз 2 миллион зарари молиявӣ расонданд

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ва шаҳри Ҳисор санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шуда, истифодаи барзиёди маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ошкор карда шудааст.

Дар ин бора  имрӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ  Дилмурод Давлатзода, раиси  Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Давлатзода,  дар нимсолаи соли ҷорӣ санҷиши аудитории иҷроиши буҷетҳои маҳаллии шаҳри Қурғонтеппа зарари молиявӣ ба маблағи 1 миллиону 46 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Бохтар 505, 9 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯшон 565,1 ҳазор сомонӣ ва  шаҳри Ҳисор 1 миллиону 221 ҳазор сомонӣ ошкор гардидаанд.

Умумун, дар ин давра аз тарафи Палатаи ҳисоб 215 санҷиши аудитӣ гузаронида шуда,  зарари молиявӣ 41 миллиону 338 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масъулини ин палата мегӯянд, ки зарарҳои ошкоршуда — ҳароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад, тасарруфи маблағ, изофанависӣ, рӯйпӯш намудани  андоз ва ғайра мебошанд.

Тафсилоти бештар дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *