Исрофкорем ё худнамо?

Ҳар вақте биноҳои 14 — ошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, кошонаи ҳусн, тарабхонаҳои зиёдеро ба истифода медиҳем, аз он фахру ифтихор мекунем.

Ҳар вақте биноҳои 14 — ошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, кошонаи ҳусн, тарабхонаҳои зиёдеро ба истифода медиҳем,  аз он фахру ифтихор мекунем.

Имрӯз, агар гузаратон ба маркази шаҳри Кӯлоб афтад, бинои чорошёнаи валангоршудаи ҳукумати шаҳрро  мебинед. Онро раиси собиқ ду сол пеш таъмир карда буд. Вале Иноятзода Баҳром раиси шаҳр шуду онро гӯё  “бомбаборон” кард. Онро пурра аз нав таъмири асосӣ мекунад.

Ҳеҷ сарф нашавад 15-20 миллион сомонӣ ба боду ҳаво меравад. Оё беҳтар намебуд, дар як гӯшаи ин шаҳр боз як бинои дигар ё корхонае месохтанд, ки ақалан 50-60 нафар кӯлобии бекор соҳиби қути лоямуте мешуд? Қонуни танзимро барои мардум сахт мегирему чаро худ ин қадар исрофкорӣ, карда, ба ҳаво пош додани миллионҳо сомонии буҷет машғулем?

Ҳазорҳо ҳаммиллатонамон дар хорию зории муҳоҷирӣ қарор доранду  мо фақат меҳмонхонасозию хонафурӯшӣ дорем? Биноҳои таърихии гузаштаро меканему биноҳои истиқоматии манорадор месозем. Корҳо созанд гуфта, фақат рақсу суруд намоиш медиҳем. Дар дунё камтарин, пасттарин сабади истеъмолӣ, маоши ночизтарин дорему идҳои серхароҷоти кадую боимҷон, шалғаму лаблабу доир менамоем?

Кай худнамоиро бас мекунем? 70 шаҳру ноҳияамон пур аз гадою талбанда, бачаҳои селофану резинфурӯшу дағдағаи шикамсерӣ дорем?

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *