Исроил боз ба Ғазза ҳамла кард
Исроил субҳи 18-уми март ба минтақаҳои гуногуни Ғазза ҳамлаҳои густардаи низомиро оғоз кард, ки дар натиҷа наздик ба 400 нафар кушта шудаанд. Гурӯҳи «Ҳамос» ҳукумати Исроилро ба нақзи якҷонибаи оташбас маҳкум кард.
Исроил эълон кард, ки пас аз он, ки дар музокирот бо гурӯҳи «Ҳамос» барои озодии гаравгонҳо пешравие ҳосил нашуд, даст ба чунин ҳамла задааст.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали оташбас 19-уми январи имсол оғоз ёфт ва 1-уми март ба поён расид. Тайи рӯзҳои гузашта гуфтугуҳо барои дароз кардани муҳлати оташбас бенатиҷа монд.
Ҷанги Исроил дар навори Ғазза 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуда, то ҳол беш аз 48 ҳазор нафар фаластинӣ дар он кушта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ