Исроил иншооти Эронро дар Сурия мушакборон кард
Неруҳои ҳавоии Исроил шаби шанбе ба якшанбе минтақаи наздик ба шаҳри Димишқ, пойтахти Сурияро мушакборон карданд.
Дар изҳороти неруҳои ҳавоии Исроил омадааст, ки иншооти марбут ба низомиёни гуруҳи «ал-Қудс»-и Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Ба иттилои хадамоти иктишофии Исроил, неруҳои Эрон гӯиё барои ҳамла ба иншооти ин кишвар аз хоки Сурия тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишин омодагӣ медиданд.
Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу дар Твиттер навишт, ки Эрон дар ҳеч ҷое «дахлнопазирӣ» надорад ва иншооти эроние, ки ба Исроил хатар доранд, дар оянда низ ҳадаф қарор дода мешаванд. «Агар касе туро куштанӣ ҳаст, пас ӯро нахустиншуда ба қатл расон», — афзудааст вай.
Расонаҳои расмии Сурия иттилоъ доданд, ки неруҳои ҳавоии ин кишвар бештари мушакҳои Исроилро дар осмон маҳв карданд. Дар ҳоли ҳозир дар бораи талафот ва оқибатҳои ҳамла чизе дақиқ гуфта намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ