Арӯси олус домодро кушт?

“Хонаат сӯзад духтардор ба ҳамин духтари кӯри ахмақат! Мардум, мани аблаҳ пулу моли бисёр дода, ба хонаам арӯс не, як касофатро овардам. Ин кӯри худозада писарамро дар байни ҷӯраҳояш сархаму шарманда кард. Бачаи бечораам ба туҳмати ин кӯри худозада тоб наоварда, раги дасташро бурид, агар бо писарам ягон чиз шавад, ман ин аҷузаи лаънатиро зинда намегузорам….” Садои фиғони ҷонхароши модари Ҷаҳонгир, ки чанд рӯз пеш домод шуда буд, ба фалак печида, дубора ҳаққу ҳамсояҳоро дар ҳавлии амаки Саид ҷамъ кард…

                                        Дар орзуи духтар

Худованд ба Раҷабмоҳ ва Ёқуб чор писари паҳлавон дода бошад ҳам, дили зану шавҳар барои духтар гум мезад. Раҷабмоҳ мехост дастёре дошта бошад ва шабу рӯз Худоро зорӣ мекард, ки ба ӯ духтар диҳад, то ки дар кору бори хона ба ӯ ёрӣ расонад ва рӯзи маргаш “очамой” гуфта нола кунад. Писарҳо бо футбол ва ҷангбозию милисабозии худашон овора буданд ва Ёқуб ташвишҳои ҳамсарашро дида, аз дил мегузаронд, ки агар духтараке медоштанд, дасти модарашро сабук мекард. Парвардигор билохира дуои ин зану шавҳари муштоқи духтарро шунид ва дар синни 45- солагӣ Раҷабмоҳ боз ҳомиладор шуд. Зан аз писарҳои баркамолаш шарм дошта, мехост исқоти ҳамл намояд, вале ташхис духтарча будани тифлаки батнашро нишон доду зан аз райъаш гашт. Акнун ин модари ташнаи духтар сахт эҳтиёт мекард, то ба тифлаки батнаш осебе нарасад….

                                         Парӣ омад ба дунё….

Ниҳоят фурсати таваллуд низ фаро расид ва Ёқуб занашро ба таваллудхона бурд. Дар аввал на танҳо занҳои зоянда, балки ҳатто баъзе духтурҳо низ ба ин зани синну солаш ба ҷое расида бо назари шубҳа ва тамасхур менигаристанд, вале вақте ки Раҷабмоҳ тифлаки батнашро ба дунё овард, даҳони ҳама воз монд. Духтарчаи таваллудкардаи ӯ чунон зебо буд, ки ногуфтанӣ.

“30 сол боз момодоягӣ мекунам, вале чунин кӯдаки зеборо дар умрам бори аввал мебинам. Инро бинанд, рӯяш барф барин сафеду мӯйҳояш қиргун, миҷгонҳояш бошанд, чунон тоб хӯрдаанд, ки гӯё дар ягон салони ороишӣ махсус миҷаҳояшро тоб дода бошанд. Шумо духтар не, парӣ зоидед. Ин нозанин калон шавад, хостгорҳо таги дари хонаатонро охӯрча мекунанд ”,- гуфта буд ҳамон рӯз момодоя ба Раҷабмоҳ, вале…

                                      Шоми ситорасӯз

Хурсандии амаки Ёқуб ва ҳамсараш ҳаду канор надошт. Онҳо бо сад умеду орзу духтарчаашонро Дилафрӯз ном ниҳоданд, то ҳамеша чароғи дилашонро фурӯзон нигоҳ дорад, аммо як шоми ситорасӯз ситораи бахти Дилафрӯзи зеборо сӯхт….

Ҳамон шаб Дилафрӯзи хурдакак, ки нав семоҳа шуда буд, ончунон таб кард, ки гумон мекардӣ дар миёни гулхани оташ афтидааст. Табби кӯдак на бо дорую дармон мефаромад ва на бо спирту об, модари зори Дилафрӯз ба таҳлука афтида буд, ки духтарчааш то саҳар зинда намемонад. Падару модари ҷигарсӯхта чӣ кор карданашонро намедонистанд. Амаки Ёқуб дар шаби сарду пурбарфи зимистон қариб як соат дар кӯча мошин кофта бошад ҳам, ягон ронандаи хайрхоҳе пайдо нашуд, ки кӯдакро ба беморхона барад. Падар бо дили хиҷил ба хона баргашта, шаби дароз ҳамсарашро тасаллӣ дод, ки бо дамидани субҳ албатта кӯдакро ба беморхона мебаранд…

Саҳар зану шавҳар духтарчаи талбидагиашонро ба духтур бурданд. Баъди ташхис маълум шуд, ки табби баланд аллакай кори худро карда, чашмони тифлак нуқсон пайдо кардаанд. Раҷабмоҳ ҳамроҳи духтарчааш қариб ду ҳафта дар беморхона хобида табобат гирифт. Табибон саломатии Дилафрӯзро барқарор намуда бошанд ҳам, давои чашми олусгаштаи тифлакро наёфтанд….

                                Гурезед, кӯр меояд!

Як чашмаш олус бошад ҳам, аз нигоҳи ақлонӣ Дилафрӯз ягон нуқсон надошт, аз ҳамин сабаб волидонаш ӯро ба мактаби одӣ бурданд. Аз рӯзи аввали дарс бачаҳо ба ӯ лақаб монда, бо сабаби олус будани як чашмаш Дилафрӯзро кӯр ва қоҷала гӯён, масхара мекарданд. Духтарак борҳо бо чашмони пуроб аз мактаб баргашта, қасам мехӯрд, ки дигар пою қадамашро ба он ҷо намемонад, вале рӯзи дигар модараш ӯро бо зорию тавалло ба гап дароварда, боз ба мактаб мебурд ва аз муаллимон хоҳиш мекард, ки пеши роҳи бачаҳои бетамиз ва беақлро бигиранд. Директор ва муаллимон борҳо аз рӯйи Дилафрӯз, ки ба нуқсони чашмаш нигоҳ накарда, бо баҳои хубу аъло мехонд, бачаҳои шӯхро ҷазо доданд, вале лақабҳои “кӯр” ва “қоҷала” ба номи ин духтарак сахт часпида, дигар аз онҳо ягон роҳи халосӣ набуд.

                                  Нозанини бе харидор

 Дилафрӯз ба камол расида, рӯз то рӯз зеботар мегашт, вале нуқси чашмаш ба рӯйи ҳусну ҷамоли беназири ӯ хати батлон кашида, хостгоронро мегурезонд. Ба хотири он ки чашми олусаш ба назар камтар тобад, Дилафрӯз ҳамеша бо сари хам мегашт ва кӯшиш мекард, ки ҳангоми суҳбат ба рӯйи ҳамсуҳбаташ нигоҳ накунад.

                                         Базми бахткушо

Гулбарг, дугонаи наздики Дилафрӯзро фотиҳа карданд. Азбаски онҳо аз кӯдакӣ дӯст ва ҳамрозу ҳамдам буданд, Гулбарг ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки ба ғайр аз Дилафрӯз дигар ягон касро шоҳиди худ интихоб намекунад.  “Дугонаҷон, ман дар умрам дар ягон тӯй шоҳид набудам, илтимос, ягон духтари дигаро ёб”,- мегуфт Дилафрӯз, ки намехост боз чашми олусаш сабаби мазоқу масхара гардад, аммо Гулбарг ӯро ҳеҷ фаҳмидан намехост. Билохира, Гулбарг Дилафрӯзро ба гап дароварда розӣ кард, ки шоҳидаш шавад.

Тӯй сар шуду Дилафрӯз ҳамроҳи Гулбарги наварӯс ба кошонаи ҳусн афт. Вай мисли дигар дугонаҳои арӯсон ба рӯяш як кило упо напошида бошад ҳам, танҳо андаке оро додани мӯйи сар ва либоси нав пӯшиданаш кофӣ буд, ки ба маликаи ҳақиқӣ табдил ёбад. Азбаски духтарак як умр сархам гашта одат карда буд, дар сари тахти арӯсиву домодӣ дар паҳлӯи дугонааш бо сари хам менишаст ва меҳмонҳо олус будани чашми дугонаи арӯсро пай намебурданд. Мардуми ба тӯй омада, хоса ҷавонон бо ишораи чашм ин нозанинро ба ҳамдигар нишон дода мегуфтанд: “Дар ҳақиқат парӣ будааст! Кирои зан гирифтан кас ҳамин хел зан гирад!”

                                           Маҷнуни сонӣ

Як ҳафта пас аз тӯйи арӯсии Гулбарг ба хонаи амаки Ёқуб  хостгор омад. Маълум шуд, ки ҷавон Дилафрӯзро  дар тӯйи ҷӯрааш дида, ошиқи шайдо шудааст ва суроғаи онҳоро аз шавҳари Гулбарги наварӯс гирифта, волидонашро ба хостгорӣ фиристодааст. Волидони Дилафрӯз гумон карданд, ки ҷавон иллати чашми духтари онҳоро медонад, аз ҳамин хотир, дар ин бора чизе нагуфта, розигӣ доданд  ва сафедӣ даронданд…

                                         Тӯйи пурҳангома

Хабари фотиҳа шудани духтари Ёқуб дар як дам дар саросари деҳа паҳн гашта, боиси ҳангома гашт.

-Ҳамон қоҷала ҳам шавҳар ёфтаасте,-мегуфтанд баъзе занҳои баддаҳон пичир-пичиркунон.

—Чашмаш камтар нуқс дошта бошад ҳам, ақлу тамиз дорад, ғайр аз ин, панҷ панҷааш ҳунар аст,-Дилафрӯзро сафед мекарданд ҳамсояҳои наздикашон.

-Аҷиб, домод қоҷала будани арӯсро медониста бошад?!-Қиқирросзанон хандида масхара мекарданд бачаҳои шӯх.

Ин гапу гапчаҳо ба гӯши модари Дилафрӯз ҳам мерасиданд. Албатта бо шунидани ин гапҳо дили модар озурда мегашт, вале боз Худоро шукр мегуфт, ки бар рағми душманон дари бахти духтараш кушода шуду акнун бо обрӯ шавҳар карда меравад, аммо…

                             Нолаи ҷонгудози арӯс

Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Домод бо дидани арӯси мисли фаришта зебои сархам аз ханда ҳеҷ пӯшида намешуд, вале гуларӯс падарашро оғӯш карда, чунон нола мекард, ки гумон мекардӣ ӯро на ба хонаи бахташ, балки ба куштан мебаранд.

Тӯй дар яке аз тарабхонаҳои зеботарини шаҳр баргузор гашт. Меҳмонҳои аз паси арӯс рафта аз тарабхона ба хонаҳои худ баргаштанд. Ҳамроҳи Дилафрӯз танҳо хола ва як дугонааш ба хонаи домод рафтанд, вале онҳо низ шаб он ҷо мондан нахоста, баъди як-ду соат азми рафтан намуданд.

-Додар, бахтат баландӣ кард, ҳамаи меҳмонҳо рафтанд. Метавонӣ ҳамин шаб ба назди арӯсат дароӣ,-дар бехи гӯши Ҷаҳонгир пичиррос зад апааш Сурайё, ки зани шӯху бебоке буд ва табақи гӯштбирёнро ба дасти домод дод.

Ҷаҳонгир бо табъи болида ба хона, ба назди арӯси нозанинаш даромаду волидону пайвандонаш дилпур гаштанд, ки шаби васли навхонадорон ширин мегузарад, аммо…

Нимаи шаб садои ҷонкоҳи арӯс ба осмон дакка хӯрд. Падару модар ва апаю акаҳои домод ба таҳлука афтида аз хонаҳояшон баромаданд. Арӯсак бо мӯйҳои парешон ва либоси шабпӯш дар байни ҳавлӣ нишаста гиря мекард. Бо дидани ин манзара ҳуш аз сари пайвандони домод парид…

 -Оча, ин арӯси таърифиятон ҳам кӯр ва ҳам нодухтар будааст, зудтар ӯро аз назарам дафъ кунед, набошад ҳозир дар пеши чашматон зада пора-порааш мекунам,-фиғон кашид Ҷаҳонгир.

Аз шунидани ин гап хун ба сари модари домод зад ва чанг зада, аз мӯйҳои дарози арӯсак дошту ӯро ба рӯяш чанд торсакӣ зада дод зад:

-Фоҳишаи худозада, духтар, ки набудӣ, барои чӣ худатро фаришта гирифта, ҳаёти писарамро сӯзондӣ?! Ҳайфи пулу моли сарфкардаам! Худи ҳозир ба хонаатон занг зада беваи очаатро ба ин ҷо даъват кун. Бигзор пулу моли маро баргардонанду ин моли ҳаромашонро гирифта баранд. Ман аз ту барин келини тардоман сад бор безорам…

Дилафрӯз мисли гунҷишкаки ба чанги як тӯда калхот афтида, дарақ-дарақ ларзида, оби дида мерехт. Арӯсаки бетолеъ мехост бегуноҳ буданашро исбот намояд, вале касе ӯро шунидан намехост. “Ин арӯси таърифӣ кӯр будааст” воҳимакунон мегуфтанд хоҳарони домод, хушдоманаш бошад, чунон дашномҳои қабеҳе медод, ки аз шуниданаш хун дар рагҳои инсон ях мебаст…

                                      Моҷарои қудоҳо

Вақте ки волидони Дилафрӯз ба хонаи қудояшон расида омаданд,  ҳавлӣ аллакай пур аз одам буд. Тамоми ҳаққу ҳамсояҳо ба тамошо баромада буданд, то фаҳманд, ки тақдири арӯси коҷалаи “нодухтар” чӣ мешавад. Дилафрӯз зор-зор гиря карда, бо китоби муқаддаси қуръон қасам хӯрд, ки вай бо ягон мард муносибати ошиқона надошт ва ҳанӯз духтари бокира аст, чунки домод ба ӯ ҳатто наздик нашудааст. Волидонаш аз қудоҳо хоҳиш карданд, ки аз пашша фил насохта, аввал арӯсро ба назди ягон духтур баранд, аммо домод якравӣ карда: “духтари коҷалаи фоҳишаатон ба худатон насиб кунад, ман аз рангу рӯи ин доманбохта безорам. Шумо маро ҷоду карда, духтари иллатиятонро гузарондан хостед, вале ман аз тоифаи он бачаҳои сода нестам, ки ба найранги шумоён дода шуда, ҳаётамро бо дасти худам сӯзонам” мегуфт ва талаб мекард, ки зудтар Дилафрӯзро аз назараш дафъ кунанд, то дигар дар чашмаш натобад. Падару модари Дилафрӯз, ки одамони бафаҳм буданд, дарк намуданд, ки бо ин ҷавон ва падару модари бадҷаҳли ӯ баҳс кардан фоида надорад, чунки сад духтур духтар будани арӯсро тасдиқ намояд ҳам, онҳо бовар намекунанд. Ягона роҳи аз ин моҷаро халос шудан баргардонидани пулу моли дар тӯй сарф кардаи тарафи домод ва гирифта бурдани Дилафрӯз буд. Падари Дилафрӯз забонхат навишт, ки дар сурати исбот шудани гуноҳи духтараш ва нодухтар баромадани ӯ дар экспертиза тамоми хароҷоти кардаи қудоро бармегардонад ва фарзандашро гирифта баромада рафт….

                                        Далели бегуноҳӣ

Азбаски падару модари Дилафрӯз ба фарзандашон боварӣ доштанд, субҳи рӯзи дигар ба духтур рафта, духтарашонро аз ташхис гузарониданд. Маълум шуд, ки духтари онҳо ягон айбу гуноҳ надорад ва ягон мард ба ӯ наздик нашудааст.    Дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не гуфтани халқ бе сабаб нест. Дар деҳа одамон ба ду гурӯҳ ҷудо буданд. Гурӯҳи аввал наъразанон мегуфтанд, ки духтари коҷалаи Усто Ёқуб тарпоча будааст ва нодухтар баромада, тамоми аҳли авлодашонро шарманда кард, аммо гурӯҳи дигар тарафи Дилафрӯзро гирифта мегуфтанд, ки айб дар худи домод аст, он номард бо туҳмат ҳаёти духтари бечораро сӯзонда, сарашро дар байни мардум хам кард…

Аз як тараф алами вайрон шудани зиндагиаш, аз ҷониби дигар миш-мишҳои мардум косаи сабри Дилафрӯзро лабрез гардонд ва духтари бо туҳмат рӯ ба рӯ гашта, пеши худ мақсад гузошт, ки аз Ҷаҳонгири разил қасосашро мегирад. Духтарак бо ҳамин ният ба ҷойи кори шавҳари якрӯзааш рафт ва ҳодисаро аз аввал то охир ба ҳамкорони Ҷаҳонгир нақл карда, коғази ташхиси суд-экспертизаро нишон дод. Баъди дидани ин санад ҳамкорони домоди туҳматчӣ боварӣ ҳосил намуданд, ки айб дар худи Ҷаҳонгир будааст, на дар арӯсаш. Ҳақ гӯё ба ҳақдор расида адолат тантана намуд, аммо рӯзи дигараш ҳодисае рӯй дод, ки зиндагии Дилафрӯзро дубора такорӯ карда, номи ӯро боз вирди дӯсту душман гардонд…

                                           Занги тақдирсӯз

Ҳамон рӯз, баъди рафтани Дилафрӯз яке аз дӯстони наздики Ҷаҳонгир, ки Парвиз ном дошт, ба ӯ занг зад ва бо тамасхур гуфт:

-Ҳа ҷӯра, худат “ҳез” будаиву боз духтари бечораро нодухтар гуфта туҳмат кардӣ-а? Дилат, ки аз худат пур набуд, барои чӣ зан гирифта, ҳаёти фарзанди мардумро сӯзондӣ? Ҳунари зангирӣ, ки надошта бошӣ, шӯ мекардӣ…

Аз он тараф садои кӯтоҳи гуд-гуди телефон ба гӯш расид ва Парвиз хандида гӯширо ба як тараф ҳаво дод. Вай ҳанӯз намедонист, ки ин занги фоҷиабор на танҳо ба сари Ҷаҳонгиру Дилафрӯз, балки ба сари худаш низ балои азимеро хоҳад овард…

                       Қасди худкушии домоди шарманда

Баъд аз як соат хабари раги дастонашро буридани Ҷаҳонгир барқсон дар сар то сари маҳалла паҳн гашт. Модараш ҳавлиро ба сараш бардошта, дар фоҷиаи ба сари Ҷаҳонгир омада арӯси коҷалаи бе пою қадамро гунаҳкор менамуд ва ҳафт пушти Дилафрӯзро дуою дашномҳои қабеҳ мекард. Ҷаҳонгири ба хун оғуштаро, ки дар дами марг қарор дошт, зуд ба мошини як ҳамсоя бор карда ба беморхона бурданд. Табибон беморро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ дароварда, дарҳол ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занг заданд. Модари Ҷаҳонгир ҳамоно рӯю мӯяшро канда, Дилафрӯзро дуои бад мекард:

-Хонаат сӯзад духтардор ба духтари ба шавҳар додаат! Пою қадами номуборакаш дар гӯр равад, аз рӯзе, ки ин келини коҷала ба хонаам қадам гузошт, ҳеҷ як лаҳза дами беғам назадам, ки назадам. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, ин худозада писарамро дар назди дӯстонаш шарманда кард. Бачаи бечораам ба туҳмати ин кӯри якчашма тоб наоварда, раги дастонашро бурид. Худо накарда бо писарам ягон чиз шавад, ба хунаш хун мегирам,-таҳдидкунон мегуфт модари Ҷаҳонгир ва мушт бар сар мезад…

                               Хандаи дубораи бахт

Табибон барои наҷот додани ҷони Ҷаҳонгир чанд шабу чанд рӯз талош намуда, ба қавле ӯро аз он дунё баргардониданд. Ҷаҳонгир қариб 20 рӯз дар беморхона хобида, хеле ба худ омад ва тамоми ҳодисаҳои аз сараш гузаштаро таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки дар ин фоҷиа на Дилафрӯз, балки худи ӯ гунаҳкор аст. Ҳамон шаб бо дидани чашми андаке каҷи арӯс вай номардӣ карда, ӯро туҳмат кард, ки нодухтар аст., ҳарчанд дар асл ба ӯ ҳатто наздик нашуда буд. Хеле андеша карда, ҷавон ба хулосае омад, ки бо арӯсаш оштӣ мешавад. Модараш аввал қиёматро қоим карда бошад ҳам, баъди пофишориҳои зиёди Ҷаҳонгир розӣ шуд, ки рафта аз падару модари Дилафрӯз бахшиш пурсад ва арӯсро гирифта ба хона биёранд.

Ҳамин тавр, пас аз ду моҳ Дилафрӯз ва Ҷаҳонгир бо ҳамдигар оштӣ шуданд ва ин оилаи ҷавон аз вайронӣ наҷот ёфт. Имрӯз онҳо зиндагии хушбахтона доранд ва аллакай соҳиби як духтарчаи нозанин гаштаанд, ки Дилноза ном дорад. Модари Ҷаҳонгир аз келинаш розӣ аст ва дигар чашми каҷи арӯс ба назараш наменамояд, зеро ҳурмату эҳтиром ва ҳунармандии Дилафрӯз ин айбашро пӯшонидааст. Мо ба ин оила бахту саодати бардавом орзу намуда, ба тамоми ҷавонон маслиҳат медиҳем, ки ҳеҷ гоҳ дар масъалаҳои оилавӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳанд, зеро зиндагӣ бозича нест.

Таҳияи Р. Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *