Қиссаи ҳофизи ноком
Аслан ба эҷодиёти нависандаи шинохта Зариф Ғулом таваҷҷуҳи хоса дорам. Адиб бештари ҳикояю қиссаҳояшро ба ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаши диёри орифони Кангурт бахшидааст, ки қиссаи тозанашри «Карими Шиш» аз ҷумлаи онҳост.
Асари мазкур соли равон тавассути нашриёти «Балоғат» ба теъдоди 1000 нусха ба табъ расида, ба саргузашти ғамангези ҳунарманди беҳамто Карим Файзов, ки аз ҷониби мардум бо тахаллуси «Карими Шиш» машҳур аст, рабт дошта, тақдири истеъдоди худододи ӯ ба риштаи наср кашида шудааст.
Қисса аз ривояти мўйсафед ба Чиллаи хурдсол оғоз гардида, сипас ҳодисаю воқеаҳо печ дар печ мароқангез тасвир ёфта, хонандаро водор месозад, ки ба тақдири ҳофизи мардумӣ бо чашми хирад бингарад.
Адиб аз саҳифаи якуми асар истеъдоди беҳамтои хунёгари мумтози Кангуртро басе моҳирона инъикос намуда, маҳорату шуҷоати ҳофизро басо дилошўб ба қалам додааст.
«… Издиҳом талаб мекард: Ҳофиз, саро! Мутриб, навоз!» (саҳ. 6).
Махсусан, рақобати ҳунарнамоии мутриб бо прокурор Дулиев басо хотирмон тасвир гардида, идомаи мантиқии истеъдоди волои Карими Шиш ба шумор меравад. Ҳамчунин, нависанда то анҷоми асар бо як маҳорати махсус тавонистааст, ки хонандаро ба қувваи бузурги хираду истеъдод бовар кунонад, ғолибияти ҳаётро бар марг, равшаниро бар зулмот, хайрро бар шар нишон диҳад.
Қаҳрамони асосии асар ба касби интихобкардаш ифтихор намуда, ҳангоми пурсиш ба муфаттиш мефаҳмонад, ки ў бо сурудани суруду тарона ба халқу кишвараш хизмат менамояд ва аз ин иқдомаш меболаду мефахрад.
« — Месароӣ? — саволи якуми муфаттиши бумчашм чунин буд.
— Месароям, — далерона тасдиқ кард ҳофиз.
— Чаро месароӣ? — нигоҳи чашмони бумчашм тамасхуромез буд.
— Ман ба мардум хизмат мекунам. Чунки Худованд ба ман истеъдоди ҳофизӣ додааст, — ҷавоб гардонд Карим…
— Дар бораи чӣ месароӣ?
— Дар бораи ишқ, некиву бадӣ. Дар бораи кишварам, миллатам, — ба чашмони сурху варамидаи муфаттиш нигоҳ карда, бо мамнуният посух дод ҳофиз. — Ривояту рубоиҳои халқӣ, фалак ва суруду таронаҳои мардумиро месароям…» (саҳ. 9).
Қисса дар баробари инъикоси маҳорату истеъдоди ҳофиз, инчунин ишқи поку беолоиши ӯро бо Нозукой инъикос мекунад. Образи Нозукой барҷаста буда, ӯ тайёр аст барои маҳбуби дилаш ҷонашро дареғ надорад. «Барои Карим ангушт усу беста, ҷонма метум» (саҳ. 29).
Ҳамаи қаҳрамонҳо дар атрофи Карими Шиш тоб мехӯранд ва бо кирдору рафтор образи ӯро пурра, ҷаззоб ва ҷолиб мегардонанд. Махсусан, образҳои манфии қисса муаллим Саидмурод, муфаттиш Хоркашов, прокурорҳо Дулиев ва Бобоев, намояндаи Кумитаи Марказии ҳизб Оқчурин симои қаҳрамони асосиро боз ҳам равшантар ва намоёнтар мегардонанд.
Дар қисса образи Акашариф Ҷӯраев ҷойи махсусро ишғол кардааст. Ҳофизи мардумӣ борҳо кӯшиш намудааст, ки ҳофизи номию хунёгари асилро аз чанголи одамони бераҳм кашида гирад.
«Ман омадам, ки туро ба Исталинобод барам, — хушҳолона гуфт Акашариф. — Майдони санъат интизори ҳунарнамоии ҳофизи мардумӣ аст» (саҳ. 13).
Дар ҷойи дигар Акашариф мехоҳад ба курсинишинон фаҳмонад, ки Карими Шиш ҳофизи Худодод мебошад ва ӯ набояд қурбони сиёсати касиф гардад.
Сохти қисса дар назари аввал басо оддӣ намояд ҳам, вале он мураккаб ва печида ба тартиб дароварда шудааст. Воқеа андар воқеа пайи ҳам меоянд. Хиёнати Саидмурод, иғвою фитнаи Бибиҷон, ҳабси шоир Сайдалӣ Вализода ба тартиб сабт ёфта, ҳамаи онро як қисмат, тақдири фоҷиабори ҳофизи мардумӣ бо ҳам мепайвандад.
Адиб барои тақвият додани андешаҳо ва таҷассуми образҳо аз шеъру ғазалҳои шоирони классик фаровон ва моҳирона истифода бурдааст. Ин услуби таҷлилӣ ба ӯ имкон додааст, ки мазмуни асар барҷаста ва қаҳрамонҳои мусбату манфӣ табиӣ ба назари хонанда ҷилва намоянд.
Асари «Карими Шиш» аз лиҳози бадеияти сухан, тасвирҳои ҷаззоб ва баёни возеҳи мақсад хеле содда ва равон навишта шуда, дар баъзе мавридҳо аз шеваи маҳаллӣ истифода бурда шудааст, ки ин ба асар рӯҳу қубҳи тоза бахшидааст. Дар қисса ҷумлаҳои беобуранг ва номуносибро дучор намешавем. Ҳар фикр, ҳар гуфтор аз замири ҳодисю воқеаҳо табиӣ оғоз мегиранд.
Дар хотима қайд карданиям, ки қиссаи «Карими Шиш» дар адабиёти мо бори нахуст ба ҳаёти ҳофизи мумтози мардумӣ бахшида шуда, ҷойи ў бояд дар саҳнаҳои театрҳо қарор гирад.
Убайдулло РАҶАБОВ,
Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи
давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ