Истамбул: Таркиши навбатӣ пешгирӣ шуд

Дар шаҳри Истамбули Туркия ду узви гуруҳи даҳшатафкани «Давлати ислом»-ро боздошт карданд, ки мехостанд ҳамлаи ҳамсони шаби Соли навро анҷом диҳанд.
Ба иттилои CNN Turk, ин ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон буда, ҳангоми боздошт аз онҳо силоҳ, маводи тарканда ва дастгоҳҳои электронӣ мусодира шудааст.

Ба гуфтаи пулис, дастгиршудаҳо нақша доштанд, то ба яке аз маконҳои машҳури Истамбул, ки сайёҳон бештар мераванд, ҳамла кунанд.

Ёдрас мешавем, дар натиҷаи ҳамлаи ба клуби шабонаи «Reina»-и Истамбул, ки шаби 31 декабр ба 1 январ сурат гирифт, 39 нафар кушта ва 69 тани дигар захмӣ шуданд.

Он замон дар дохили клуб наздики 600 одам ҳузур доштанд. Ин ҳамлаи мусаллаҳонаро шаҳрванди Ӯзбекистон Абдулқодир Машарипов анҷом дода, масъулияти онро ДИ ба зимма гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *