Истаравшан: Боз як модар тифлашро ба ҳоҷатхона партофт

 

Ҳодисаи бо дастони модар кушта шудани як тифли навзод дар шаҳри Истаравшан овозаю ҳангомаҳои зиёдро ба бор овард. Аз рӯзи ошкор шудани ин ҷинояти сангин то ба имрӯз сару садоҳо атрофи рафтори ин зани фарзандкуш то ҳол хомӯш нагаштаанд.

Яке мегӯяд, ки ин гап дурӯғ аст, дигарӣ тахмин мекунад, ки шояд зан девона бошад, саввумӣ ҳадс мезанад, ки тифл ҳаромӣ будаасту барои рӯпӯш намудани гуноҳи худ зан кӯдакашро куштааст, чаҳоруми ҳодисаро ба рашк нисбат дода мегӯяд эҳтимол шавҳараш зани дигар гирифтаву зан аз алам даст ба чунин кирдори ваҳшиёна зада бошад…

-Ин зан кист?  Чандсола аст? Ӯ аз кадом ҷамоату деҳоти Истаравшан? Тифлро  дар куҷо  таваллуд кардаву дар кадом хоҷатхона партофтааст? Мо кӯшиш намудем, ки ба ин саволҳо ҷавоб ҷуста, сабаби даст ба қатли фарзанди хеш задани ин зани тоҷикро дарёбем.

Гулнигор-модари фарзандкуш

-Гулнигор Қаюмоваи 33 сола (ном дигар карда шудааст) зодаи ҷамоати деҳоти Пошкент, деҳаи Қалъачаи Гули зарди шаҳри Истаравшан ва модари се фарзанд мебошад. Ин зан бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бераҳмона ба қатл расонидани тифли навзодаш ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ин зан дар манзили истиқоматии худ духтарчаи зинда таваллуд карда, баъдан тифли навзодашро бо дастони хеш буғӣ карда куштааст. Пас аз куштан Гулнигор ҷасади тифлаки маъсумашро ба як куртаи куҳнаи худаш печонда, дар ҳоҷатхонаи манзили падараш партофтааст, то гуноҳашро пинҳон созад, вале…

Ҷиноят ошкор шуду…

“Офтобро бо доман пӯшонда намешавад” гуфтани халқ беҳуда нест, рафтори разилонаи ин модари фарзандкуш низ аз чашми ҳамабини худованд пинҳон намонд ва ҳамагӣ ду рӯз пас ин ҷинояти вазнин ва боварнакарданӣ ошкор карда шуд.

Мурдаи кӯдакро аз халоҷо баровард

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан ҷасади тифли навзоди Қаюмоваро аз халоҷо бароварда, барои ташхис ба экспертиза фиристоданд. Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббии шаҳри Истаравшан таҳти №06 ҷасади дарёфтшуда тифли навзоди расида буда, дар муҳлати 38-41 ҳафтаина таваллуд шудааст.

Ин тифли бегуноҳ, ки бо дастони модар буғӣ карда, кушта шуда буд, тифли расида буда, на ягон нуҷони ҷисмонӣ дошту на равонӣ. ин тифли маъсум метавонист умри дароз дида, номбардори Ватан гардад, аммо модари бераҳм ғӯрамаргаш кард. Ташхиси экспертизаи судӣ-тибби шаҳри Истаравшан муайян намуд, ки кӯдак на бо марги худаш, балки дар натиҷаи асфиксияи механикӣ-фишуридани роҳи нафас, яъне бӯғӣ кардан ба ҳалокат расидааст.

Фарзандкуш даъво дорад?

Гулнигор Қаюмова аз болои ҳукми суди марҳилаи якум норозигӣ баён намуда, шикояти кассатсионӣ навиштааст. Ин зан иддао дорад, ки вай дар ҳолати асабоният тифли навзодашро буғӣ карда, ба ҳоҷатхона партофтааст. Ӯ мехост, ки ақаллан ба хотири фарзанди хурдиаш, ки нав шашсола шудааст, иҷрои ҳукми суд ба таъхир гузошта шавад, вале…

Асабоният аз ҷавобгарӣ озод намекунад

Ҷинояткорон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷинояти кардаашон пинҳон монда, аз ҷавобгарӣ озод шаванд, вале қонун ягон гуноҳро бе ҷазо намемонад. Моддаи 105-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори тифли навзод ҳатто дар ҳолати харобии асаби ҷинояткор низ истисно намесозад. Ин модда ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори тифли навзод дар намуди маҳдуд намудани озодӣ то панҷ сол ё маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ намудааст.

Суд масъаларо ҳаматарафа омӯхта, бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷиноят ин модари фарзандкушро ба муҳлати ду сол аз озодӣ намуд.

Коллегияи судӣ ба ваҷҳи дар шикояти кассатсионӣ овардаи Қаюмова оиди он, ки то ҳаштсола шудани фарзанди шашсолааш иҷрои ҳукми суд мавқуф гузошта шавад, розӣ нашуда, хоҳиши судшавандаро рад намуд, зеро ҷинояти содирнамудаи ин зан ҷинояти одӣ набуда, ба муқобили ҳаёти одам равона гардидааст ва хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад.

Гулсара  кӯдакашро зинда

ба ҳоҷатхона партофта буд

Мутаассифона, Гулнигор ягона зане нест, ки бо дастони худаш фарзандашро ба ҳалокат расонидааст. Ҳодисаҳои кӯдаккӯшию зинда ба зинда ба ҳоҷатхона ва партовгоҳу дигар ҷойҳои ифлос партофтани тифлакони навзод чӣ дар шаҳри Истаравшан ва чи дар минтақаҳои дигари кишварамон тез-тез рӯй дода, обрӯи зан-модари тоҷикро мерезонанд. Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ пеш дар шаҳри Истаравшан чунин як ҷинояти дигари ваҳшиёна рӯй дода, ҷавонзани 21-солаи Гулсара Абдуллоева қасди куштори фарзандаш карда буд. Ин зан пас аз 4 моҳи тӯй кӯдаки 9-моҳаи ҷинсаш писар таваллуд карда, барои аз чашми ҳамагон пинҳон мондани кирдораш тифлаки навзодашро зинда ба зинда ба ҳоҷатхона партофта буд. Ҷинояти гӯшношуниди ин ду зани бе раҳму бе шавқат танҳо бо он аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки яке фарзандашро кушта, баъд ба халоҷо партофтаасту дигарӣ зинда ба зинда ба ҳоҷатхона афкандааст, то ки зери наҷосат монда, мурад ва рафтораш ошкор нагардад, аммо хушбахтона писарчаи Гулсара зинда монд…

Ҳамон замон нисбати Гулсара бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта буд, аммо бо сабабҳои  номаълум  баъдан парванда қатъ гашт…

Шарифзода Бадриддин, Судяи суди  вилоятиСуғд,

Фарзона Муродӣ, журналист

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *