Истаравшан: Боздошти модар барои куштани кӯдаки 3-сола
Як зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва дар хатар монондани кӯдаки ноболиғаш боздошт шуд.
Ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа воситаи механикии сечархаи тамғаи «Fupenq»-ро дар ҳамшафати манзили истиқоматиаш идора намуда, аз уҳдаи идораи воситаи механикӣ набаромада, маҳз аз рӯи муносибати бепарвоёна бо қисмати паси воситаи механикӣ фарзанди хурдсоли 3-солаашро пахш намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
“Номбурда фарзанди хурдсолашро дар вазъияти барои ҳаёт хавфнок қарор дода, ба ӯ ёрӣ нарасонида, ҳаёташро дар хатар мононда, ба беморхона дастрас накардааст”, — иттилоъ додааст ВКД.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа, фарзанди хурдсолаш аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 108 ва қисми 2 моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ