Истаравшан: Имомхатиби масҷид занашро кушт

 Ҳоҷии 62- солаи истаравшанӣ Абдуворис Абдуғаффоров ҳамсари 59-солааш Тӯтӣ Абдуборисоваро аввал бераҳмона лату кӯб намуда, баъдан буғӣ карда кушт.

Ин ҳодисаи нангин дар вилояти Суғд ба мавзӯи №1-и ғайбату миш-миши мардум табдил ёфта, ба думболи худ сару садоҳои  зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Яке мегӯяд, ки мӯйсафед зани ҷавон ёфтаасту кампир рашк бурда ҷанҷол бардоштааст, дуюмӣ иддао мекунад, ки ҳоҷӣ солҳои дароз дар ҳасрати писар сӯхта, оқибат “ту барои ман ягон ворис назоидӣ” гӯён, зани духтарзояшро бо дасти худ ба он дунё фиристодааст, саввумӣ бар он назар аст, ки мард танҳо ба хотири “алови чашмашро гирифтан” занашро ду-се мушт задааст, вале “аз нобарорӣ атола дандон шиканад” гуфтагӣ барин, дарди дили кампир хурӯҷ карда, ҷон ба ҷонофарин супурдааст….

Ба хотири фаҳмидани сабаби аслии ин куштори пурмуаммо мо роҳи деҳаи Лакоти шаҳри Истаравшанро пеш гирифтем, то аз наздик бо пайвандони ин оила ҳамсуҳбат гашта, аз сирру асрори зиндагии ин хонавода воқиф гардем.

Ронанда:

Сари муллоҳоро хам кард

Раҳораҳ аз ронандае, ки моро ба деҳаи Лакот мебурд, хислату хӯйи ҳоҷӣ ва ҳамсарашро пурсон шудам. Мард  лаҳзае сукут намуда гуфт:

-Худо раҳмат кунад, занаш одами хуб буд, ҳеҷ гоҳ дили касеро озор намедод, вале худи ҳоҷӣ бисёр мӯйсафеди мағруру ҳавобаланд аст. Феъли тез дорад, ҳамеша гапҳои дағал зада, одамонро меранҷонд. Марди доро, ки ҳаст, назараш ҳар касро намегирифт.

-Рост аст, ки мӯйсафед “ту барои ман ворис назоидӣ” гӯён, аз алами бе писарӣ ҳамсарашро ба қатл расонидааст?

— Ҳоҷӣ ҳамчун марди аз илми илоҳӣ бохабар хуб медонист, ки писар ва духтарро Худо медиҳад. Духтарзой будан сабаб шуда наметавонад, ки дар сари пирӣ гул барин занро бераҳмона зада кушӣ ва боз худро сафед кунӣ, ки  вай барои ман писар таваллуд накард. Ин корро ягон майзада ё каси дигар мекард, ин қадар аламовар набуд, вале охир вай эмоми масҷид аст. Бе ин ҳам мардум вақтои охир ба ҳоҷию эшонҳо чандон бовар намекарданд, баъди ин кори ҳоҷӣ нафрати халқ нисбати муллоҳо меафзояд. Ин мӯйсафед сари ҳама диндоронро хам кард…

Хонаи дакаданги бесоҳиб

Дар даромади деҳи Лакот як гурӯҳ мардони солхӯрда суҳбат доштанд. Ба онҳо бо эҳтиром салом дода, хонаи Абдуворисро пурсон шудам. Мардон бо шубҳа ҷониби ман нигариста, синчакорона сар то поямро аз назар гузарониданд ва яке аз онҳо мақсадамро пурсон шуд. Вақте фаҳмондам, ки корманди газета ҳастам ва барои фаҳмидани сабаби куштор омадаам, яке аз мардон дарвозаеро нишон дода гуфт:

-Ҳо ана, ҳамон хона аст!

Раҳмат гуфта ҷониби дарвозаи ишорашуда равон гаштам. Ин ҳавлӣ дар байни дигар хонаҳои деҳа бо дарвозаи зарҳалини қиматбаҳо ва шукуҳу шаҳоматаш фарқ карда меистод. Занги дарро чанд маротиба пахш кардам, вале аз дарун садое ба гӯш нарасид. Бо гумони он ки шояд занг кор намекунад, аз роғи дар ба дарун нигаристам. Дар саҳни ҳавлӣ ду мошини хориҷӣ истода буд, вале ягон ҷонзоди зинда ба назар намерасид.  Ҳайрон шуда боз ба назди ҳамон мардоне, ки ҳамоно дар сари кӯча чақ-чақ доштанд, баргаштам ва пурсидам, ки чаро дар ҳавлии дакаданги марҳум касе нест. Магар фарзандон ва хешу табораш ба хотири марҳум дуою фотиҳа намекунанд? Яке аз мардон, ки нисбати дигарон калонсолтар менамуд, оҳи сарде кашида гуфт:

-Бачам, аслан инҳо аз деҳаи мо нестанд, аз шаҳр омада дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин ягон нафар хешу таборашон дар ин ҷо нест.

Шумо дар куҷо зиндагӣ кардани хешу таборашонро намедонед?

-Медонам, вале ба гумон аст, ки хешовандонаш ба суҳбат розӣ шаванд.  Беҳтараш худатонро овора накунед…

-Ба ҳар ҳол суроғаашонро диҳед, шояд гапи мегуфтагӣ дошта бошанд.

Суроғаро навишта гирифтам ва ба бобо раҳмат гуфта, роҳи маркази ноҳияро пеш гирифтам.

Озода:                          

Амакам се бева ва 8 сағераро парасторӣ мекард

Баъди пурсуҷӯҳои зиёд ниҳоят ба кӯчаи Турк расидем, ки он ҷо аҳли оилаи бародарони Абдуворис Абдуғаффоров зиндагӣ мекардаанд. Дарро ба рӯи мо ҷияни номбурда Озода Самадова кушод ва баъд аз ифшои мақсад моро ба хона таклиф намуд. Соҳибхонаҳо аввал аз суҳбат саркашӣ намуда “духтарҷон, ҳозир ба гӯши мо ҳатто овози булбул намефорад” гуфта бошанд ҳам, баъд нармтар шуда розигӣ доданд, ки баъзе ҷузъиётҳои зиндагии оилаи бародарашонро ба мо кушоянд. Ҷияни гумонбар- Озода аз он шиква намуд, ки 20 рӯз боз наметавонад бо амакаш ҳамсуҳбат шуда, чӣ хел сар задани ин фалокатро аз худи ӯ пурсон шавад.

-На ман ва на  падарам то имрӯз бо амакам суҳбат накардаем. Кӯшиш кардем, ки ақаллан як бор дар рӯ ба рӯяшон нишаста, дарди дили он касро фаҳмем, вале барои мулоқот иҷозат надоданд. Аз он ки амакам дар сари пирӣ ба паси панҷара рафт, ғамнок шуда нишастаем….

-Мегӯянд, ки ҳоҷӣ писар надоштааст ва ҳамеша ҳамсарашро зери мушту лагад мегирифтааст, ки ту барои ман писар таваллуд накардӣ.  Ин овозаҳо ҳақиқат доранд?

-Ин овозаҳоро ҷониби зани амакам паҳн карда истодаанд. Мақсади онҳо боз ҳам сиёҳтар кардани амакам ва соҳибӣ кардани хонаю дари дакадангу боҳашамати онҳост. Дар асл амакам чандон одами бад набуд ва ман боварии комил дорам, ки занашро бо мақсади куштор лату кӯб накардааст. Духтарзой будани янгаам, агар ба амакам ин қадар алам мекард, дар сари пирӣ не, 15-20 сол пештар талоқи занашро дода,  зани дигар мегирифт, вале ӯ ин корро накард-ку! Амакам марди худотарс, ки буд, писару духтарро Худо медиҳад, гуфта ба тақдираш тан дод ва чор духтарашро бо гули чиз калон карда, соҳиби хонаву дар гардонд, аммо бахти фарзандонаш нахандида, як домодаш дар Русия мурд, дуюмашро мошин зад, сеюмашро куштанд. Амакам 3 духтари бевамонда ва 8 набераи бе падарашро саробонӣ карда, намегузошт, ки аз чизе танқисӣ кашанд, вале аз афташ Худованд аз азал дар тақдираш чунин рӯзҳои сахтро навишта будааст, ки дар пирӣ ба зиндон афтида, дар байни мардум шармандаю сархам мешавӣ…

Бародари гумонбаршуда:

Ҷигарам месӯзад, аммо…

Фарзанди падар аз фарзанди худи кас ҳам ширинтар будааст, бовар кунед, аз рӯзе, ки додарам ин корро кард (занашро кушт), мани сарсахт на шаб хоб дораму на рӯз орому қарор. Дилу ҷигарам барои додарам месӯзад, ки дар дами пирӣ ба зиндон афтида, азоб мекашад. Ҳоли духтару набераҳои бесаробон мондааш чӣ мешавад, намедонам.

-Шумо тез-тез дар хонаи додаратон меҳмон мешудед?

-Мо дар оила 8 фарзанд будем, яктоямон мурду 7 нафарамон зиндаву саломат ҳастем, аммо тақдир ҳамаро ба ҳар сӯ кашонд. Додарам чанд сол пеш бо зану фарзандонаш ба деҳаи Лакот кӯчид. Аз пайи зиндагӣ ва даву ғеҷи худ овора шуда, мо хеле кам ба хонаи ҳамдигар меҳмонӣ мерафтем…

-Мегӯянд, ки бародаратон марди бадқаҳру дағал аст?

-Бародарам дар ҳақиқат андак бадқавоқ аст, вале марди дилсиёҳу кинагир нест. Феълаш тез, бо андак гап мисли ҳезуми тар дармегирад, вале ба гапаш гап нагардонед, чанд лаҳза пас ором шуда, ғазабашро фаромӯш мекунад.

-Дар бораи ҳамсари бародаратон чӣ гуфта метавонед?

-Янгаам одами бад набуд. Алами ҷавонмарг шудани се домодаш ӯро бармаҳал пир кард. Раҳматӣ писар надошт, барои ҳамин дар симои домодҳояш писаронашро дида, шавҳарони духтарҳояшро сахт дӯст медошт, вале тақдири шум басо рӯзҳои сахтро ба сари онҳо овард. Барои як зани музлим магар бардоштани бори ғами бевагии се духтар ва ятимии 8 набера осон аст?!

-Шумо мақсади моро чандон дуруст нафаҳмидед. Мо мехоҳем сабаби моҷароро фаҳмем. Янгаатон ба шавҳараш гап мегардонд ё не?

-Байни бародарам ва ҳамсараш чӣ шуду  чӣ монд, мо хабар надорем, зеро дур аз ҳамдигар зиндагӣ мекунем, вале то ҷое, ки ман медонам, янгаам бисёр занаки пуртоқат буд. Гап гардондан он тараф истад, вай ҳатто ба рӯйи шавҳараш сахт нигоҳ намекард. Бо хешону пайвандони хонаводаамон хушмуомилаю меҳрубон буд. Шоҳиди ҳодиса, ки нестам, аз ин беш чизе гуфта наметавонам. Сабаби сар задани ин ҳодисаи нохушро аз мақомот пурсед.

Мақомот чӣ мегӯяд?

Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 62-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст. Гумонбаршуда дар хонаи истиқоматиаш (воқеъ дар деҳаи Лакоти шаҳри Истаравшан) бо ҳамсари 59-солааш  ҷанҷол намуда,  дар ғояти қаҳру ғазаб ҳамсарашро мавриди лату кӯб қарор додааст ва бо ин қонеъ нашуда бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст. Бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш вай ба хешовандон ва ҳамсояҳояш гуфтааст, ки гӯё ҳамсараш бинобар бемории фишори хун доштанаш ногаҳон афтида, ҷон додааст. Ташхиси судӣ-экспертӣ дар ҷисми зани ба ҳалокат расида аломатҳои марги маҷбуриро аз қабили шикастани қабурғаҳо, изи бастани роҳҳои нафас, хароша ва хунхобравии зиёд муайян ва дарёфт намуд, бинобар ин, аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Истаравшан нисбати гумонбар бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *