Истаравшан: Марҳамат ба намоишҳои ройгони Аловуддин

Садҳо сокини шаҳри Истаравшан огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон аз як намоишномаи театрӣ боло мебаранд.

Ин намоишнома, ки аз сӯи Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон ва гуруҳи ӯ таҳия шудааст.
Аз дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтанд, силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқ баргузор мегардад. Ин лоиҳаро Созмони ҷаҳонии муҳоҷират амалӣ менамояд.

Ба иттилои манбаъ, намоишномаҳо мушкилоти мубрами навъҳои ҳозираи савдои одамонро тасвир карда, бинандагонро аз хатарҳо огоҳ мекунад ва доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад: “Ҳарчанд, қиссаҳо комилан маҳсули хаёли ҳунармандон буда, ҳама гуна монандии эҳтимолӣ бо саргузаштҳои воқеъӣ комилан тасодуф аст, онҳо нишон медиҳанд, ки бо қурбонии савдои одамон чӣ рух дода ва бо ҳар нафар чӣ ҳодиса метавонад рух бидиҳад, агар эҳтиёт накунад”.

Гуфта мешавад, намоишномаҳо, бавижа ҷавонону бонувонро ҳадаф қарор додааст, чун онҳо махсусан ба гирифторӣ ба савдои одамон ва истисмор осебпазиранд, зеро доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри кофӣ намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд. “Даромад ба намоишномаҳо озод мебошад ва мо ҳамаи хоҳишмандонро ба дидани маҳорати олии ҳунармандон даъват мекунем- гуфт ҳунарманди кишвар Аловуддин Абдуллоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *