Истаравшан мизбони Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ шуд (аудио)
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат бо иштироки зиёда аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ доир гардид.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар дода, меафзояд, ки қабл аз оғози форум иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дидан намудаанд.
— Зимни чорабинӣ ҳадафи баргузории Форуми мазкурро вусъат додани ҳамкориҳо байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ арзёбӣ намуданд,- зикр мекунад манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи форум зиёда аз даҳ санадҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳо ба имзо расонида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ