Истаравшан: Муноқишаи қарз «сари марди 43 соларо хӯрд»

Аз  ҷинояти куштор дар шаҳри Истаравшан, ки  санаи 17-уми июли соли равон, тахминан соатҳои 20:30- дақиқа рух дода буд, имрӯз як моҳ сипарӣ шуд. Дар ин ҳодиса марди 43 ва 47-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Гули сурхи ҳамин шаҳр  марди 43-соларо  аз рӯи нақшаи пешакӣ ва бо мақсади содир намудани ҷинояти куштор  санаи 17-уми июл бо баҳонаи баргардонидани маблағҳои қарзи гирифтаашон, ба деҳаи Чорсадаи шаҳр даъват намуда, соҳиби қарзро маҷбуран аз ҳаёт маҳрум карда буданд.

Аз рух додани ин ҷиноят даҳшатбор имрӯз як моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам , то ҳол тахмину гумонҳои гуногун атрофи ин  ҳодиса зиёданд. Яке мегӯяд -“марҳум қарздор буду аз додани қарз саркашӣ карда ба ҷони худ ҷабр кард”. Дуюмӣ бар он аст, ки гумонбар бар замми қарзи калон доштан соҳиби пулро бо мақсади аз  қарз ба осонӣ халос шудан  куштаву ҷасадашро ба об партофтааст. Сеюмӣ ҳодисаи кушторро ба қарз не, ба муноқашаи телефонӣ рабт медиҳад.

Барои рушанӣ андохтан ба асли ҳодиса роҳ пеш гирифтем сӯи манзили гумонбарон ва марҳум то аз  аъзоёни оилаи онҳо мухтасари ҳодисаро пурсон шавем…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *