Истаравшан: Роҳи деҳаи Якабоғ таҷдиду азнавсозӣ мегардад

Роҳи деҳаи Якабоғи деҳоти Пошкент, ки яке аз даромадгоҳҳои асосӣ ба маркази шаҳри Истаравшан тавассути шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳсуб меёбад, таҷдиду азнавсозӣ гардида истодааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, роҳи мазкур, ки аз шоҳроҳ то майдони Ғалаба зиёда аз 2,5 километрро ташкил медиҳад ва паҳноии он аз 6 то 12 метр мебошад, аз ҳисоби МИҲД-и шаҳри Истаравшан пурра мумфарш ва чароғон карда мешавад.

— Айни ҳол бо дастгирии сокинони деҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ наздики 600 метр ҷӯйборҳои бетонӣ харидорӣ гардида, аз ҷониби Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан васлу насб ва паҳноии қисмати роҳҳо васеъ гардонида шуда истодааст. Инчунин, бо дастгирии сокинон сутунпояҳои чароғҳо рангубор гардида, дар шафати роҳ насб карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *