Истаравшан: Занҳо 30 адад ҷиноят содир кардаанд
Давоми шаш моҳ 215 адад ҷиноят дар шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон муовини раиси шаҳр, Қодирӣ Абдусаттор қайд кард, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳр нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст. Ба гуфти ӯ дар шашмоҳаи соли 2017 238 ҷиноят содир шуда буд ва имсол 215 адад, ки нисбат ба соли гузашта 23 адад кам мебошад.
Қодирӣ Абдусаттор гуфт:- “ Мувофиқи омори ба мо дастрасшуда категорияи ҷингоятҳо чунинанд: 54 адад ҷиноятҳои вазнин (2 адад аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо содир шудааст), одамкушӣ 4 адад, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 4 адад, қаллобӣ 59 адад, дуздӣ 27 адад. Ҷиноятҳои вобаста ба гардиши маводи мухаддир 2 адад, садамаҳои нақлиётӣ 11 адад, ҷиноятҳои вобаста ба дигар хизматҳо 41 адад”.
Номбурда афзуд, ки аз ин шумораи ҷиноятҳо 30-тои он бо иштироки занон содир шудааст, ки аксарият ҷинояти қаллобӣ мебошад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ