Истеҳсоли маҳсулот дар Суғд 72 баробар зиёд

 Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд  беш аз 35 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 72 баробар зиёд мебошад.

Ин нукта зимни суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд садо дод.

Таъкид гардид, ки танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 15 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.

«Тибқи нақша, соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли 2024  106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд»,- изҳор дошт Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба 19 миллиард сомонӣ расида, нисбат бо соли 1991   7,3 баробар зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *