Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 647,3 млн сомонӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми шаш моҳ ба маблағи 647,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,1 млн сомонӣ зиёд аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар шаҳр 125 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳо истеҳсоли 59 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.

— Дар ин давра ба самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ вусъат бахшида, дар натиҷа 3 адад корхонаҳо, ба монанди ҶДММ “Шабнами Суғд”, “Шириниҳои Дилбархон” ва “Шоҳроҳи Истиқлол” бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2,3 тонна маҳсулоти хўрока дар як моҳ таъсис дода шудааст. Дар шаҳр 1 адад корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ фаъолият намуда, 2,35 тонна ё ба маблағи 56,3 ҳазор сомонӣ ва 1 адад корхонаи истеҳсоли собуни хоҷагӣ фаъолият намуда, 3,57 тонна ё ба маблағи 16,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *