Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Дар панҷ моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ истеҳсол ва воридоти орд нисбат ба соли 2021 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Агентии омор хабар медиҳад.
Аз моҳи январ то майи соли равон дар кишвар беш аз 186,6 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Маълум шуд, ки чунин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 33,8% камтар мебошанд.
Аксари орд аз гандуми воридотӣ тайёр карда мешавад, ки аз моҳи январ то майи соли 2022 хариди он 12,5% кам шудааст.
Бояд гуфт, ба Тоҷикистон асосан гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад, ки феълан содироти он маҳдуд гардидааст. Соли равон арзиши орд дар Тоҷикистон 20,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ