Истеҳсоли бензин аз метанол дар Ӯзбекистон

Ширкати GS Engineering & Construction Corporation аз Куриёи Ҷанубӣ то охири соли 2022 дар Ӯзбекистон истеҳсоли бензинро аз метанол ба роҳ мемонад.

Дар фармони президенти он кишвар «Дар бораи тезонидани рушди саноати кимиёии Ӯзбекистон» ба роҳ мондани истеҳсоли бензин дар коргоҳи «Навоиазот» бо харҷи 200 миллион доллар зикр шудааст.

Бар асоси нақшаи амалишавии лоиҳа, моҳи декабри соли ҷорӣ ширкати куриёӣ бо корхонаҳои «Узхимпром» ва «Навоиазот» корро оғоз хоҳанд кард. Интизор меравад, дар Ӯзбекистон солона аз метанол то 104 ҳазор тонн бензин истеҳсол шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *