Истеҳсоли тилло кам шуд

Тавре  аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар Тоҷикистон наздики 2,5 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 кило камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли тиллоро дар Вазорат ба муваққатан аз фаъолият бозмондани чанде аз корхонаҳои ин соҳа, аз ҷумла конҳои «Покрут», КМ «Зарафшон (муддати қариб 1 моҳ) ва дастрас нашудани реагенти кимиёвӣ — сианид нисбат доданд.

«Нисолаи аввали соли ҷорӣ аз 12 корхонаи истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7-тоаш мунтазам фаъолият доштанд», — гуфтанд дар Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон ҳудуди 3,1 тонна нуқра истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 тонна зиёдтар аст.

 «Азия-Плюс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *