Истеъфои ҳукумати Ӯзбекистон баъд аз истеъфои ҳукуматдорони рус

Ҳукумати ҷумҳурии Узбакистон 20-уми январ дар ҳузури ҳайати Парлумони нави ин кишвар расман истеъфо дод. Дар ин бора хабар медиҳад дафтари матбуоти Парлумони Узбекистон.

Тавре манбаъ хабар медиҳад: “Мутобиқи моддаи 98 Конститутсияи Узбакистон кабинаи вазирони Узбакистон дар ҳузури Парлумони тоза интихобшуда истеъфо дод. Парлумони Узбакистон дар ин бора қарори дахлдорро қабул кардааст”

Манбаъ зикр намудааст, ки тибқи қарори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ҳайати ҳукумати феълӣ то ташкили кабинаи нав фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Парлумон номзадии нахуствазири ҷадидро дар маҷлиси муштараки Парлумон ва Маҷлиси олии Узбакистон, ки қарор аст 21 январ баргузор гардад, баррасӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, дар таърихи 15-ми январи соли равон ҳукумати русия низ бо роҳбарии сарвазири ин кишвар Димитри Медведов ба истеъфо рафт. Баъд аз истеъфои ҳукумати Русия коршиносону сиёсатмадорон бар он ақида буданд, ки истеъфои ҳукуматдорони рус ба кашварҳои пасошурави бе таъсир нахоҳад монд.

Инчунин қайд кардан зарур аст, ки ин шабу рӯз баъд аз маҷлиси призиденти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо намояндагони ҳукумат интизор мерафт дар Тоҷикистон низ тағироти кадрии ҷидди сурат мегирифт, аммо бар хилофи интизориҳо бо ҷуз як чанд таъғироти ректорону ҷонишини вазирон дигар тағироти ҷидди дар ҳукумати кишвар ба вуҷуд наомад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *