Истеъфои раиси Бонки Миллӣ ва пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров
Тавре, ки Озодӣ мегӯяд:
Бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон аз банд мондани пули сокинон дар бонкҳои кишвар интиқод карда, гуфтанд, ки дар сурати ба зудӣ ҳал нашудани ин масъала, беҳтар аст, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ ба истеъфо биравад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 18-уми октябр гуфт, ин мавзӯъ эътимоди сокинонро ба ҳукумату порлумон ва бонкҳо коста кардааст. Ӯ ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ду ҳафта муҳлат дод, то ҳисоб кунанд, ки чӣ қадар аз пули сокинон дар бонкҳои кишвар мондааст.
Дар посух оқои Нурмуҳаммадзода гуфт, вакилон ҳангоми банёи андеша ва пешниҳоди суол ба иззати нафси одамон нарасанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ