Истеъфои Зариф

Бино ба гузоришҳо аз Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишвар истеъфо додааст. Аббос Мӯсавӣ, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, рӯзи 25-уми феврал дар суҳбат бо ИРНА хабари истеъфои Зарифро тасдиқ кард. 

Хабаргузории “Форс” низ ба нақл аз як манбаи огоҳ ва наздик ба вазири корҳои хориҷии Эрон навишт, ки Зариф «аз мақоми худ канорагирӣ намуд».Муҳамадҷавод Зариф рӯзи душанбе дар саҳифаи худ дар Инстаграм, зимни табрики рӯзи зан дар Эрон, навишт, “аз бузургвории мардуми азиз ва диловари Эрон ва масъулони муҳтарам дар 67 моҳи гузашта бисёр сипосгузорам. Аз нотавонӣ барои идомаи хидмат ва тамоми костиҳо дар даврони хидмат самимона пӯзиш мехоҳам”.Пеш аз ин чанд дафъа гузоришҳое дар бораи истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф нашр шуда буд, вале баъдан мақомоти Вазорати умури хориҷӣ онҳоро такзиб карданд. Аз ҷумла, қаблан Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфта буд, “ин хабарҳо аз конунҳои мушаххас тавлид, тавзеъ ва пардозиш мешаванд.”Аммо ин дафъа хабари истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф дар ҳолест, ки дар аксҳои нашршуда аз дидори Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзи душанбе, вазири умури хориҷӣ ҳузур надошт. Ва ин дар замонест, ки қарор буд Зариф рӯзи сешанбе дар чиҳилумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал суханронӣ кунад.Муҳаммадҷавод Зариф моҳи августи соли 2013 ва баъди ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Ҳасани Рӯҳонӣ вазири умури хориҷии Эрон таъйин шуд. Ӯ таҳсилкардаи Иёлоти Муттаҳида ва аз дипломатҳои маъруф аст. Дар гузашта аз Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагӣ кардааст.Дар замони фаъолияти тақрибан шашсолаи ӯ ба ҳайси вазири умури хориҷӣ, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 даст ёфт, ҳарчанд баъди ду соли он Амрико аз он хориҷ шуд. Ин созиш ба Эрон имкон дод, ки дар ивази кӯтоҳӣ дар барномаи ҳастаӣ аз зери бори таҳримҳо раҳо шавад ва то ҷое қомати солҳо аз мушкили иқтисодӣ хамидаи худро рост кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *