Истиқбол аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Хатлон
Феълан аз вилояти Хатлон 1 ҳазору 201 нафар гирандаи стипендияи президентӣ, 120 олимону устодони варзида ва донишҷӯёну хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ ва 70 нафар аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таълимӣ гирандаи стипендияи раиси вилоят мебошанд.
Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати ҷавонон дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар баробарин ин панҷ нафари дигар гирандаи стипендияи Кумиаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар мебошанд. Ӯ мегӯяд, сол то сол шумораи гирандагони стипендияҳо афзоиш ёфта истодааст.
Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар чорабинии таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят гуфт, ки ин ташаббус, яъне соҳиб шудани ҷавонон ба стипендияҳо дар тарбия ва дастгирии табақаи фаъоли кишвар нақши калидӣ мегузорад. Ӯ афзуд, ки ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе аз ҷавонон аз он гила карданд, ки дар чорабинии бошукуҳи истиқбол аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон даъват нашудаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ