Истиқбол аз “Рӯзи модар” дар Бохтар пуршукуҳ буд
— Зиҳӣ Модар, фариштае, ки бо меҳри худ инсонҳоро парвоз омӯхтӣ ва зиҳӣ зан, ки бо оташи меҳрат хонадони сарди моро гарму нурафшон кардӣ,- гуфт раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни як чорабинии пуршукуҳ.
Чорабинии мазкур ба хотири таҷлили шоиста аз “Рӯзи модар” дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар суханронии хеш гуфт, ки “шумо, модарони азиз, ба мисли як пайкаратароши асил ҳастед, ки дар сиришти санги оддӣ тарҳи зебои инсонро мебинед ва баъд бо коркард, заҳмат, бедорхобиҳои шабонарӯзӣ аз он санг пораҳои нолозимро дур месозед ва аз он осори ҳунарие ба оламиён ҳадя месозед”.
Ҳамчунин, ӯ аз тааҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат нисбати зан-модар ёдоварӣ карда, афзуд, ки “зиҳӣ Пешвои муаззами миллат, ки ин фариштаро фазои парвоз ато намуда, манзалаташро гиромӣ гардондед”.
Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар ин рӯз наздик ба 500 занону бонувони фаъолу собиқадор ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои МИҲД-и вилояти Хатлон тақдим шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ