Истиқболи гарми ғалабаи тими футболи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Барои харидани як кортриҷи принтер ба фурӯшгоҳи “Малика”-и шаҳри Тошканд рафтам. Медонистам, ки шаби 28 январ бозии футболи Ҷоми Осиё мешавад. Вақте ки фурӯшанда дар бораи кортриҷ маълумот медод, як гурӯҳ ҷавонон байни худ бо ӯзбекӣ аз футбол ёдовар шуданд.
-Ман ба тими футболи Тоҷикистон мухлисӣ хоҳам кард. Чунки тоҷикҳо ҳамсояи мо ҳастанд ва агар онҳо ғалаба кунанд, мо хеле хурсанд хоҳем шуд,-гуфт яке аз ин ҷавонон.
Чунин гуфтугӯ бароям мароқангез намуд ва рафта, ба онҳо худро муаррифӣ кардам. Гуфтам, ки ман хабарнигор ҳастам.
Аз он ки пеши рӯяшон журналисти тоҷик истодааст, онҳоро ба завқ овард ва чанде бо ҳам аз ину он гарм суҳбат кардем.
Фикр мекунам, ки то фарорасии вақти бозӣ тамоми мухлисони тими Тоҷикистон аз Худованд илтиҷо мекарданд, ки онҳоро ба пирӯзӣ расонад. Дуоҳо мустаҷоб гардидаву тими футболи Тоҷикистон бар тими футболи Аморати Муттаҳидаи Араб дастболо шуд. Ҳамон лаҳзаҳо чи дар Ӯзбекистон ва чи дар Тоҷикистон тамоми мухлисон ба по хеставу ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд ва ин пирӯзиро шодбош мегуфтанд.
Бори дигар собит гардид, ки ин ду халқи ҳамзамину ҳамзамон, ҳамфикру ҳамдин ба ҳамон дӯстиву рафоқате, ки дар тӯли асрҳо байнашон давом карда меояд, боз беҳтару бештар садоқат зоҳир мекунанд. Албатта, ин ҳар шахси солимақлу солимфикрро хушҳол месозад.
Гуфтаниам, ки мо аз ин пирӯзии тими Тоҷикистон хеле сарфароз гардидем. Чунки Тоҷикистон барои ҳар як фарди ӯзбекистонӣ, хосатан, тоҷиктаборони он ҳамчун Ватани дуюм маҳсуб меёбад. Худо кунад, ки тими футболи Тоҷикистон дар бозиҳои чаҳорякфиналӣ, нимфиналӣ ва финалӣ пирӯзӣ ба даст оварад ва боиси хурсандии мо-ҳамсоягони онҳо низ гардад.
Тоҷикистон фақат ба пеш ва пирӯзиҳо дар футболи Ҷоми Осиё насибат бод!
Мирасрор Аҳроров,
Узви Иттиҳодияҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ