Истиқболи Муллораҷаб Халифаев дар фурудгоҳи Душанбе
Имрӯз Муллораҷаб Халифаев — ҷудокори варзидаи кишвар, ки чанд рӯз қабл нишони нуқраи «Grand SLAM BAKU-2022»-ро соҳиб гашта буд, ба ватан баргашт.
Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, наздикону пайвандон ва мухлисони ҷудо пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти «Grand SLAM BAKU-2022» аз 4 то 6-уми ноябри соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардида, дар он Тоҷикистонро 12 ҷудокор намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо Темур Раҳимов медали тиллоро миёни сангинвазнҳо ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гашт.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хонаи дуҳуҷрагӣ ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ