Истиқболи расмии Сарвазири Покистон дар Душанбе

Имрӯз, 2 июл маросими истиқболи расмии Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар майдони Қасри миллат баргузор гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шарифро истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *