Истиқболи расмии Си Ҷинпин дар Қасри миллат

Имрӯз, 5 июл дар Қасри миллат маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

“Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *