«Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии дуюми худро дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар чаҳоргонаи «А» анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақиби бошгоҳи Душанбе дастаи «Шарҷа» (АМА) мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқа «Истиқлол» аз «Ал-Райян» (2:3) ва «Шарҷа» аз «Ал-Ҳилол» (1:2) шикаст хӯрда буданд.
— Вохӯрии дастаҳои «Шарҷа» ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи байналмилалии «Шоҳ Фаҳд»-и Риёз баргузор шуда, соати 23:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 01:15, 12-уми апрел ба вақти Душанбе) оғоз мешавад,- меафзояд манбаъ.
Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ