«Истиқлол» пеш аз муҳлат чемпион шуд
Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар даври 20-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи “Хатлон” ғалаба карда (1:0), пеш аз муҳлат чемпиони Тоҷикистон эътироф шуд. Ин маротибаи 11-ум аст, ки дастаи шаҳри Душанбе чемпиони Тоҷикистон мешавад.
Голи ягонаро дар бозии гуруҳи “А” миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” Алиҷон Кароматуллозода зад. Дар бозии дигари гуруҳ “Равшан”-и Кўлоб дар сафар КМВА-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Комрони Мирзохон ва Абдухалил Боронов заданд.
Дар гуруҳи “В” “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Эсхата” бо ҳисоби 2:1, “Файзканд” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 3:1 пирўз шуданд.
Пас аз натиҷагирии 20 даври бозиҳо “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 42 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Равшан” бо 10 имтиёз камтар (32) дар ҷойи дуюм, “Хатлон” бо 31 имтиёз дар ҷойи сеюм мавқеъ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ