«Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои ҷом мубориза мебаранд
Дар финали Ҷоми футболи Тоҷикистон-2021, ки 9-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд, дар Варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” баргузор мешавад, чемпиони футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионат “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехӯранд.
Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 “Истиќлол” бар “Эсхата” бо ҳисоби 3:0 (натиҷаи ду бозӣ – 7:3) ғалаба кард. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома заданд.
Дар бозии дигари нимфинал “Равшан”-и Кўлоб дар майдони худ бар “Хуҷанд” бо њисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирокаш дар Љоми Тољикистонро ба анљом расонд. Тими “Хуҷанд” бо шарофати пирўзии бузург (4:0) дар бозии аввал ба финал баромад.
Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастањои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ду маротиба бозї кардаанд. Соли 2010 дастаи Душанбе бо њисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи Хуҷанд бо њисоби 2:0 пирўз гардидаанд.
“Истиқлол” 8 маротиба, мавсимњои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, «Хуанд» чор маротиба, дар фаслњои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ