«Истиқлол» ва «Хуҷанд» мусовӣ бозӣ карданд
Рўзҳои 14 ва 15-уми май бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд, ки дар бозии марказӣ «Истиқлол» бо «Хуҷанд» мусовӣ бозӣ карданд.
Чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар ду бозӣ пайиҳам пирўзӣ ба даст оварда наметавонад. Ин навбат дастаи Виталий Левченко бо “Хуҷанд” мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб доданд.
Дар бозии дигар “Эсхата”-и Хуҷанд бар дастаи КМВА бо ҳисоби 4:1 пирўз шуд. Қаҳрамони бозӣ Дилшод Бозоров гардид, ки аввалин хет-трикро дар мавсим иҷро кард.
Дастаи “Файзканд”-и Восеъ дар сафар “Равшан”-и Зафарободро шикаст дод — 3:1. Ду голи Шавкат Ҳотам ва голи Амирҷон Сафаров ба дастаи ноҳияи Восеъ се имтиёз оварданд.
“Истаравшан” пайиҳам чор бохтро таҳаммул мекунад. Дастаи Истаравшан ин дафъа аз «Равшан»-и Кўлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ин дидорро легионер Куасси Инносент зад.
Ниҳоят, дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар даври ҳафтум дар меҳмонӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирўз шуд. Голро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагӣ аз пеналтӣ зад. Баъд аз бозӣ ФФТ довари ин бозиро барои ҳамин пеналтӣ, ки аз рўйи қоида набудааст, муҷозот кард ва аз доварӣ дар чанд бозӣ маҳрум сохт. Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ 18 ва 22-юми май ба нақша гирифта шудаанд. Баъд аз ин танаффус эълон мешавад, чун бозигарон ба дастаи мунтахаб даъват шудаанд ва шогирдони Петер Сегерт бояд 19-уми май ба Дубай сафар кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ