«Истиқлол», берун аз хона ҳам шер бош!

Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол» дар бозии ҳалкунандаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 ба дарвозаи дастаи пурқуввати Туркманистон ««Алтин Асир»- 1 гол зада, ғалаба кард ва дар гурӯҳи «D» ҷойи аввалро ишғол намуд. Ин пирӯзӣ ба футболбозони тоҷик имкон дод, ки ба марҳилаи дигари мусобиқа – нимфинали минтақавӣ роҳхат бигирад.

Ин дидори варзишии ҷолибу шавқангез шоми 31 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 9000 мухлис баргузор шуд. Аслан, ба пирӯзии футболбозони тоҷик  дар  ин вохӯрӣ боварии аксари мухлисон намеомад. Зеро дастаи мазкур  имсол хеле пурзӯр гардида, чемпиони кишвар аст ва бахусус барои шикаст додани ҳарифи деринашон, ки футболбозони туркманҳоро борҳо ҳатто дар хонаи худаш мувоҷеҳи мағлубият кардааст, ба қавле қасам хӯрда буданд. Аз ин рӯ, 90 дақиқаи дидори ин ду даста хеле диданӣ ва пуршиддат ҷараён гирифт. Ҳарду даста борҳо имконоти хуби ҳисоби бозиро кушодан доштанд, аммо ё дарвозабонҳо хеле моҳирона садди зарбаҳо мешуданд, ё хатҳои муҳофизаташон рахнанопазирӣ зоҳир мекарданд.

Дар аксар бозиҳои «Истиқлол» зимни чемпионати имсолаи  мамлакат анъана шудааст, ки чемпионҳои Тоҷикистонро футболбози собиқадор Дилшод Восиев  ё аз шикаст наҷот медиҳад, ё тӯби ғолибиятро ба ҳадаф мерасонад. Дар ин бозии байналмилалӣ низ Дилшод дар қисми дуюм Манучеҳр Ҷалиловро иваз карда, ба майдон баромад ва дар дақиқаи иловагӣ голи ҳалкунандаро барои ҳамдастаҳояш ҳадя овард.

Пирӯзии  мазкур зертобеъони Муҳсин Муҳаммадиевро пешсафи гурӯҳи «D» кард. «Истиқлол» аз 6 бозии гурӯҳӣ дар 5-тоаш дастболо шуда, бо 16 хол якумин гардид. Даста танҳо 1 бозиашро мусовӣ анҷом додааст.

Акнун  «Истиқлол»-ро дар марҳилаи нимфиналии минтақаи Марказии  Ҷоми КФО-2017 яке аз ин дастаҳо —  «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «25 апрел» (ҶХД Корея) ё ғолиби ҷуфти  «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Тсерес» (Филиппин) мунтазиранд. Қуръакашии марҳилаи нимфиналии минтақаи Марказии  Ҷоми КФО-2017 6 июни соли равон дар шаҳри Куала-Лумпуре доир мегардад. Вохӯриҳои аввалини марҳилаи мазкур  22-23 август ва ҷавобиашон – 12-13 сентябр баргузор хоҳанд шуд.

Таманно дорем, ки «Истиқлол», берун аз хона ҳам «шер» бошаду сафи мухлисони воқеиашро дар ҳама ҷо афзун намояд!

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *